Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

1пурсиш= 7посух

4 ноябр 2011, 05:52

Барои ҳалли проблемаи хариду фурӯши замин чораҳое ба мисли барканор кардани раисони ин ё он ноҳия ягон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Мансабдорони мо аз рӯи қоида барои кисапуркунии худ вазифа мегиранд.



Аз замин фурӯшон чӣ гуна халос шавем?
Ҳафтаи гузашта бо фармони раисиҷумҳур раиси ноҳияи Бобоҷон ғафуров ва раиси ноҳияи Вахш бо сабаби тақсимоти нодурусти замин аз вазифа барканор гардиданд. Тақсимоти нодурусти замин ва заминфурӯшӣ аз ҷониби раисони ноҳияҳо ва ҷамоатҳо таи солҳои истиқлол метавон гуфт, ки анъана шудааст. Оё барканор намудани ду мансабдор метавонад, ки мушкили заминфурӯширо бартараф созад ва пас аз ин мансабдорон даст аз заминфурӯшӣ хоҳанд бардошт? Барои посух гирифтан ба ин суолҳо "Озодагон" чунин суолро пешорӯи коршиносон гузошт:

Қурбоналӣ Партоев, коршиноси масоили кишоварзӣ

Замини кишоварзӣ бояд барои истеҳсоли озуқаворӣ истифода шавад, на барои хариду фурӯш. Минбаъд ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи заминсозии ҷумҳурӣ бояд дар бораи оқилонаву самаранок истифода бурдани заминҳои обиву лалмӣ ва дигар заминҳое, ки дар он кишту кор кардан имкон дорад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд ва назорат баранд, ки чунин заминҳо аз тарафи мақомот, аҳолӣ ва шахсони алоҳида хариду фурӯш нашавад. Ба Вешаб ном деҳаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд сафар доштам ва дидам, ки мардуми ин деҳа барои оқилона истифода бурдани ҳар ваҷаб замин хонаҳояшонро дар танаи кӯҳ бунёд кардаанд. Замини кишоварзиро ба мақсади бунёди иншоотҳои истеҳсоливу хонаҳо истифода намекунанд. Ҳамин ҳолат дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон низ ба назар мерасад. Ин хеле хуб аст. Зеро Тоҷикистон сарзамини камзамин аст ва бар сари аҳолӣ имрӯз 0, 07 га замин рост меояд. Агар заминфурӯшиву хонасозӣ ба ҳамин шакл идома пайдо кунад, сол ба сол замин кам мешавад. Бисёр хуб мешуд, ки мардум барои бунёди биноҳои дуошёнаву сеошёна як навъ тавсияномаҳое аз ҳукуматҳои маҳалливу навоҳӣ мегирифтанд. Албатта аҳолиро маҷбур карда наметавонанд, ки хонаҳои бисёрошёна созанд, вале ба хотири нақшаи дурнамо ва ояндаи кишвар мардум аз рӯи имконият заминҳоро оқилона истифода бурда, ба ҷои 10 хонаи заминӣ 2 баландошёна бунёд кунанд, то андозае заминҳои кишоварзӣ барои кишт зиёдтар ҳифз мегарданд. Мо бояд ҳар як ваҷаб замини бобоиямонро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Бидуни ғамхорӣ дар мавриди замину об пеш рафтани давлату миллатро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Муҳаммад Навид, мудири маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Аз мушкилоти умдае, ки ҷомеи мо даргири он аст, яке ришвахорист ва дигаре фурӯхтани замин аст. Ахиран дар пайи чунин амалҳо раисони ду ноҳия аз вазифа сабукдӯш шуданд. Дар оғози истиқлолият як каме беҳокимиятӣ буд ва ҷойгоҳи қонуният дар ҳукумат мустаҳкам набуд. Аз ҳамин фурсат шахсони тамаъҷӯй ва фурсатталаб истифода карданд ва молу амволи муштараки тамоми мардуми Тоҷикистонро фурӯхтанд ва ба яғмо бурданд. Аламовараш он буд, ки замини мисли модар муқаддасро ба фурӯш гузоштанд ва мардум медонанд, ки ин фурсатталабон аз пушти тиҷорати замин чӣ карру фарре доштанд. Мутаассифона, баъд аз 20 соли истиқлол ин падидаи манфӣ ва нафратовар, яъне фурӯхтани заминро боз мушоҳида мекунем. Ин нишонаи он аст, ки бархе аз раисони ҷамоату навоҳӣ то ҳол нафаҳмидаанд, ки ин миллат дорад ба сӯи қонуният қадам мезанад. Ин бебокӣ ва хирасариро сабаб пеш аз ҳама нашнохатни ҳалол ва ҳаром аст. Ин нафарон дар назди имону виҷдони худ ҳеч қозие надоранд, ки ҳалолу ҳаромро ҷудо кунад. Пеш аз ҳама заифии имонашон аст ва дигар ин ки қонунҳои ҷории Тоҷикистонро ба назари эътибор намегиранд. Вале таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳама давру замонҳо буд, вале мо умед дорем, ки дар Тоҷикистон солҳои охир ин камтар шавад. Иваз кардани раисон роҳи ҳалли мушкили заминфурӯшӣ нест. Аз омадани як раис ва рафтани дигаре ба мардум ҳеч суде намерасад. Ба фикри манн бояд кадрҳои ҷавон, мутахасис, миллатдӯст ва боинсоф тарбия ёбанд ва ҷойгузини кадрҳои замони шӯравӣ гарданд.

Марат Мамадшоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Азия-плюс"

Барои ҳалли проблемаи хариду фурӯши замин чораҳое ба мисли барканор кардани раисони ин ё он ноҳия ягон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Мансабдорони мо аз рӯи қоида барои кисапуркунии худ вазифа мегиранд. Дар аксари навоҳӣ ба ҷуз аз замин дигар чизе  нест, ки фурӯшанд. Дар бисёр ҳокимиятҳои маҳаллӣ тағйироти принсипиалӣ лозим аст. Ҳамаи ин раисон дар асл аз назорат дуранд, зеро мақомоти назоратӣ дар аксари ҳолат ришва мегиранд ва аз тамоми ин гуна қонуншиканиҳо чашм мепӯшанд. Барои ҳалли проблемаи заминфурӯшӣ назорати шаҳрвандӣ зарур аст. Мо бояд кайҳо ба системаи интихобии ҳукуматҳои маҳаллӣ мегузаштем. Раисони навоҳиро президент таъин накунад, балки аҳолии маҳал худ раиси ноҳияву шаҳри хешро интихоб намояд. Интихоботҳо низ бояд озоду шаффоф гузаранд, на ба он шакле, ки имрӯз дар мо баргузор мекунанд.

Файзулло Файзиев, сиёсатмадор

Фурӯши замин солҳои 2000 то 2003 ба авҷи аъло расид. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастандаркории раисони хоҷагиҳо, ки пештар колхозҳоро идора мекарданд, дар ин солҳо фурӯши замин зиёд шуд. Ҳатто ба дараҷае расид, ки тақрибан заминҳои обӣ боқӣ намонд. Ҳамаи ин дар давраи бесарусомонӣ ва бамасъулиятии мақомоти дахлдоре, ки бевосита аз болои фурӯши замин назорат мебурданд, сурат гирифт ва аз ин беназоратии мақомот истифода бурда, раисони хоҷагиҳо бисёр заминҳоро ба мардум фурӯхтанд. Дар пайи муроҷиати дастаҷамъонаи сокинон як муддат заминҳои Асотсиатсияи хоҷагии Урунхӯҷаев ва Раҳмон Набиев ба иҷорагирандагони қаблӣ баргардонида шуд. Лекин бештари заминҳо дар ихтиёри соҳибонашон монд, зеро онҳо пули зиёд дода, заминро аз раисони хоҷагиҳо харида буданд. Ба ин кор аз раисони хоҷагиҳо то раисони ноҳия даст доштанд. Дирӯз тавассути телевизион ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ намоиш дода шуд ва дар он маҷлис раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Лутфулло Муҳиддинов гӯё бо ҷурми роҳ додан ба камбудиҳо дар масъалаи тақсими замин аз вазифа сабукдӯш гардид. Аз нигоҳи мо дар давраи раисони пешин заминфурӯшӣ авҷ гирифта буд ва дар замони роҳбарии Муҳиддинов ҳолатҳои қонуншиканӣ дар масъалаи заминфурӯшӣ иттилое надорем. Баръакс баъди фармони президент оиди тақсими қитъаи замини назди ҳавлигӣ баромадан, ба аҳолии ниёзманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминҳо ройгон тақсим карда дода шуданд. Дар мавриди ин ки кай заминфурӯшӣ ба охир мерасад, инро бояд қайд кард, ки то он даме, ки нисбати шахсони порахӯр ва порадеҳ ҷазоҳои сахттарин ҷорӣ накунем ин падида дар ҷомеа авҷ мегирад. Қаблан дар мавриди фурӯши маводи мухаддир борҳо таъкид кардем, ки агар ба ҳукми қатл моратория эълон шудааст, пас ба нафарони ба нашъаҷаллобӣ даст дошта, аз поён то боло ҳабси абад таъин кардан даркор аст. Лекин ин пешниҳод қобили қабул нест. Зеро худи мақомоти болоӣ ба ин кор даст доранд. Масъалаи заминфурӯшӣ ҳам айнан ҳамин ҳолатро ба худ касб кардааст. Ба фурӯши замин аз поён то ба боло ҳама олуда ҳастанд ва то он даме, ки ба заминфурӯшии мақомотҳои болоӣ монеа гузошта нашавад, фурӯши замин хотима намеёбад. Мақомоти поёнӣ зери қаноти мақомоти болоӣ дилпурона даст ба фурӯши замин мезананд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ

Имрӯз замин фурӯхтан барои фардои Тоҷикистон бадбахтӣ меорад. Яке аз масъалаи дарднок ва хеле ҳассосе, ки имрӯз домангири ҷомеаи Тоҷикистон аст, мушкили замин ва тақсими он аст. Замин бояд ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон баробар тақсим карда шавад. Лекин мутаассифона, солҳои охир бисёре аз раисони ноҳияҳо заминро ҳамчун манбаи тиҷорат истифода мебаранд ва дар баробари он мушкилиҳои сангинеро бар сари мардуми кишвар меоранд. Аз ҳамин лиҳоз ман фикр мекунам, ки раисони ноҳияҳо ва касоне, ки дар ҳамдастӣ заминро мефурӯшанд ва манфиати давлату ҷамъиятро зери по мегузоранд, бояд ба ҷавобгарии сахт кашида шаванд. Замони интихоботи президентии ҶТ, дар соли 2006 бар сари ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ 0,012 гектар замин рост меомад, вале дар давоми 4-5 соли охир аллакай ин нишондод ба 0,06 га коҳиш ёфтааст. Ин чунин маъноро дорад, ки агар мо ҳамин ҳолатро ба назари эътибор нагирем ва ҳамон 7 дар сад заминҳои ҳамвори ҷумҳуриро ба мақсади ғайрикишоварзӣ, яъне бунёди хонаву иншоотҳо истифода кунем, дар ояндаи наздик роҳи ҳалли мушкили замин дигар аз қудрату тавоноии мо берун мебарояд. Тақсим кардани замин барои аҳолӣ гарчанде имрӯз ноадолатона сурат мегирад, вале кори на чандон душвор аст. Аммо оқибати чунин заминтақсимкуниҳоро низ бояд ба назар гирем. Дар ҳоли ҳозир мо бояд заминҳоеро ба аҳолӣ тақсим карда диҳем, ки на дар ҳамворӣ, балки дар талу теппаҳо бошад ва заминҳои обӣ барои кишоварзӣ ва таъмини озуқавории аҳолӣ хизмат кунад. Ман чунин фикр дорам, ки тақсими замин барои аҳолӣ бояд ба меъёри муайян дарояд ва фурӯши замин боздошта шавад. Моро имрӯз барои дар сарзаминамон қадамзанӣ иҷозат намедиҳанд. Имрӯз дар Варзоб истироҳат кардан ғайриимкон аст, ба дараи Ромит қадам задан мумкин нест. Зеро он мавзеъҳо аллакай ба шахсони алоҳида фурӯхта шудаанд. Он ҷо замини тамоми сокинони кишвар аст, на танҳо шахсони алоҳида ва аҳли оилаи эшон. Барои ҳамин ман муқобили фурӯхтани он заминҳое ҳастам, ки бидуни андеша ва беақлона сурат мегирад. Замини обӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ аст. Агар ҳамин замин моро хӯрондаву пӯшонда натавонад, пас вой бар ҳоли мо! Зеро мо бар ивази он ки ба наслҳои оянда як мероси хуб боқӣ гузорем, баръакс онҳоро аз ҳама чиз, аз хонаву дар ва аз ҷои кору шуғли доимӣ ва озуқаворӣ маҳрум месозем. Вақте мо мегӯем, ки давлат давлати иҷтимоист, ҳамаи ин амалкардҳоро бояд санҷем ва дурандешона тасмим гирем. Ду сад-се сад ҳазор гектар заминро тақсим карда додан ин омори баланд нест, аммо обрӯи баланди мо он хоҳад буд, ки пагоҳ фарзандони мо ва насли ояндаи мо чӣ гуна ва дар чӣ шароит зиндагӣ мекунанд. Агар амиқтар фикр кунем, бо чунин заминфурӯшӣ оянда мо ба бадбахтиҳои бисёр сангин дучор мешавем. Ман дар соли пешниҳоди номзадиям ба вакили Маҷлиси намояндагон гуфта будам, ки дар соли 2009 зиёда аз 1140 гектар заминҳои ҶТ танҳо аз тариқи ҳукуматҳои маҳаллӣ фурӯхта шудааст, ки қиматаш баробари 1 миллиарду 142 миллион доллар аст ва ин боиси норозигии мардуми кишвар гаштааст. Мо метавонистем бо ин пул нерӯгоҳи Роғунро аз ҳисоби худ созем.

Саодатсултон Соҳибназарова, сардори раёсати тадқиқотҳои соҳавии МТС

Вақте заминҳои кишоварзиро ба мақсади сохтмони иншооту хонаҳо истифода кунанд, албатта оқибати хуб надорад. Дар зарфи 20 соли истиқлол тақрибан 2400 гектар замини кишоварзӣ кам шуд. Сабаби он сохтмони биноҳо ва васеъ кардани ҳудуди шаҳрҳо аз ҳисоби замини кишоварзӣ мебошад. Барои бунёди хонаву иншоотҳо бояд заминҳои ғайриобӣ ва талу теппаҳо истифода шавад. Ҳамвориҳо ва заминҳои кишоварзӣ танҳо ба мақсади истеҳсолот ва таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти хоҷагии халқ бояд истифода гардад. Дар акси ҳол мушкили таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ба миён меояд.

Мӯсо Асозода, сиёсатшинос

Нисбати масъалаи ғайриқонунӣ фурӯхтани замин дар Тоҷикистон ба фикри ман дар қонуни ҷиноӣ бояд тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад ва доир ба ин ҷиноят мӯҳлати ҷазо зиёдтар пешбинӣ гардад. Дар ин сурат имкони коҳиш ёфтани ҳолатҳои заминфурӯшӣ вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон фурӯхтани замин қатъиян манъ карда шудааст, лекин мутаассифона, бо ҳар роҳ замин мавриди хариду фурӯш қарор мегирад. Дар кишварҳои камзамин чунин таҷрибае вуҷуд дорад, ки дар мавзеъҳои замини ғайриобӣ ва ноҳамвориҳо хона месозанд. То ҷое ман иттилоъ дорам дар Туркия ва якчанд давлати дигар аз ин таҷриба фаровон кор мегиранд ва заминҳои ҳамвору обиро танҳо барои кишту кор ва таъмини озуқаворӣ истифода мекунанд. Барои бунёди манзилу хонаҳо танҳо заминҳое истифода мешаванд, ки ё обёрӣ карданашон душвор аст ё обёрӣ намегарданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!