Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:30

«Моҳи нав ва ситора» ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид

19 май 2011, 10:58

Магерам Алиев, сафири фавқулодда ва мухтори Озарбойҷон ба президент Эмомалӣ Раҳмон нишони байналмилалии «Моҳи нав ва ситора» - и Кумитаи байналмилалӣ доир ба мубориза бо терроризм, нашъамандӣ ва ҷиноятҳои экологӣ «INTERSAFETY» - ро тақдим намуд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, имрӯз президенти Тоҷикистон дипломати озариро  бинобар анҷом ёфтани мўҳлати сафораташ дар Душанбе ба ҳузур пазируфт.

Гуфтанист, ордени мазкур дар Иттиҳоди байналмилалии мукофотҳои СММ UNCOPA сабт гардида, ягона ҷойизаи байналмилалӣ мебошад, ки дар он рамзу нишонаҳои мусулмонӣ инъикос ёфтаанд. Бо ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора»  роҳбарони кишварҳои мусулмоннишин ва шахсиятҳои барҷастаи олами ислом барои нақши намоёнашон дар тарғиб ва татбиқи ғояҳои инсондўстию адолат сарфароз гардонда мешаванд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!