Имрӯз ширкати «Аҳмадсоз» дар «Коҳи Ваҳдат»-и пойтахт 5-умин намоишгоҳи байналмилаллии таълимиро доир намуд.
Омода намудани мутахассисони баландихтисос дар равияҳои илмҳои дақиқ, технологияи информатсионӣ, соҳаи муҳандисӣ, бахши меъморӣ аз ҳадафҳои аслии баргузории ин намоишгоҳ унвон шуд. Абдураззоқ Абдуллоев, роҳбари ширкати «Аҳмадсоз» гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон ба мутахасисони баландихтисоси соҳаҳои мазкур бештар ниёз дорад. Номбурда гуфт: «Барои таҳкими дониши ҷавонон таҳсили онҳо дар хориҷа бисёр муҳим аст ва мо тасмим гирифтем, ки бо пешрафтатарин донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа қарордод бандем. Чун Малайзия айни ҳол яке аз кишварҳои пешрафта дар соҳаи технологияи информатсионӣ ва илмҳои дақиқ, махсусан электроника ва техникаи барқӣ ба шумор меравад, ширкати «Аҳмадсоз» давоми чанд сол аст, ки бо донишгоҳҳои олии ин кишвар шартнома тасвиб кардааст». Ба гуфтаи Абдураззоқ Абдуллоев давоми амалишавии ин шартнома зиёда аз 300 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳҳои гуногуни Майлайзия барои идомаи таълим фиристода шудаанд. «Бештари донишҷӯён дар барномаи бакалавр дохил шуда, қисми дигари онҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин дар бахши забономӯзӣ, магисратураю курсҳои тайёрӣ низ донишҷӯён тоҷик таҳсил менамоянд. Дар оянда мо нақша дорем, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷикро натанҳо дар Малайзия, балки дар донишгоҳҳои Ғарб, Британияи Кабир, Италия, Зеландияи Нав низ зиёд кунем»,-афзуд раҳбари ширкати «Аҳмадсоз».
Вай гуфт, дар 5-умин намоишгоҳи байналмилаллии таълимӣ аз 16 донишгоҳи байналмилалӣ, аз ҷумла донишгоҳи Кембриҷи Британия кабир, донишгоҳои Туркия, донишгоҳои Мутаҳидаи Араб ва Малазия ширкат доранд. Намоишгоҳ фардо низ ба кори худ идома медиҳад.{jathumbnail off}
Мӯҳр