Нотаи Вазорати хориҷии Қирғизистон ба Узбакистон
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон сафири Узбакистон дар Бишкек -- Комил Рашидовро даъват намуда, ба ӯ ёддошти эътирозӣ ё нота таслим кардааст.
Дафтари матбуоти ВУХ-и Қирғизистон мегӯяд, ин нота имрӯз, 18 март дар пайи аз ҷониби низомиёни Узбакистон ишғол шудани минтақае дар 20 километрии шоҳроҳи Кербен-Ала-Букаи ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалолобод ва насби ду постгоҳ дода шудааст.
Намояндаи Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, амали ҷониби Узбакистон метавонад ба низои аҳолии наздимарзии ду кишвар сабаб шавад.
Қаблан, идораи марзбонии Қирғизистон хабар дода буд, ки субҳи имрӯз низомиёни узбак дар минтақаи баҳсии марзӣ ду зиреҳпӯш ё БТР ва ду мошини боркаши низомии КамАз-ро гузоштаанд. Ба иттилои марзбонони қирғиз, дар минтақаи Моғоли ноҳияи Ала-Букаи вилояти Ҷалолобод даҳҳо низомиёни Узбакистон қарор доранд. Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, тақрибан соати 9-и субҳ ба ибтикори ҷониби Қирғизистон дар минтақаи Моғол гуфтушуниди намояндаҳои идораҳои марзбонии Қирғизистон ва Узбакистон оғоз шудааст.
Ба иттилои расонаҳо, Узбакистон ба таври якҷониба фаъолияти гузаргоҳи марзии “Маданият-автодорожний”-ро қатъ карда, дар чанд гузаргоҳи дигар убур аз марз маҳдуд шудааст. Ба гуфтаи сокинони деҳаҳои наздимарзӣ, ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар ҷазирақаламрави Сухи вилояти Ботканди Қирғизистон комилан баста шудаанд. Онҳо мегӯянд, аз субҳи имрӯз ҳаракат ба самти Узбакистон аз қаламрави Қирғизистон низ манъ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |