Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:16

Ду ҳодисаи инфиҷор ва сӯхтор аз газ дар шаҳри Кӯлоб

8 ноябр 2011, 04:18

Зӯҳри рӯзи 6-уми ноябр, тақрибан соати 16-30 дақиқа дар шаҳри Кӯлоб таркиш ба амал омад.


Гуфта мешавад, дар арафаи иди Қурбон барои таъмини аҳолӣ бо гази моеъ  соҳибкорони маҳаллӣ дар чанд нуқтаи фурӯши ин навъи сӯзишворӣ, савдои онро ба роҳ мондаанд. Дар яке аз ҳамин нуқот, ки тааллуқ ба Маҳмадсиддиқ Одинаев дорад, аввал сӯхтор ва баъдан таркиши нақлиёти махсуси газкаш   рух дод. Тибқи фарзияи пешакии масъулини Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ, ҳамин ҳолат дар натиҷаи беаҳамиятӣ ва риоя нагаштани қоидаҳои бехатарӣ аз ҷониби мизоҷон ба амал омадааст. Ба гуфти онҳо, аз беаҳамиятӣ шлангаи аз нақлиёт ба колонка васлбуда канда шуда, дар натиҷаи ба кор даровардани кадом нақлиёти мизоҷе  сӯхтор рух додааст.  «Хушбахтона одамон зарар надидаанд. Зеро аснои  ҳодиса, дар маҳалли инфиҷор  даҳҳо нафар аз мизоҷон барои хариди газ ҷамъ омада буданд.

Дар натиҷа, нақлиёти сайёри пур аз газ, ки тақрибан 500-600-килограм гази моеъ доштаву зери «гараж» ҷойгир буд, таркида ба пуррагӣ нобуд шуд. Зарари ҷониву моддӣ ба касе нарасидааст»,- мегӯяд Маҳмадсиддиқ Одинаев.

Дар ҳамин ҳол, Назирмад Аюбов, сардори раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, ки низ дар ҷои ҳодиса буд, гуфт: «Ин ҳолати фавқуллода буд. Хушбахтона, дар натиҷаи таркиш зарари ҷисмонӣ нарасидааст, ҳарчанд ки гурӯҳи бузурги одамон он ҷо будаанд. Кормандони мо аз рӯи ин ҳодиса кор бурда истодаанд».

Шоми рӯзи дигар, 7-уми ноябр, боз як сӯхтор дар нуқтаи фурӯши газ муттаалиқ ба ширкати «Тоҷирон», воқеъ дар шаҳри Кӯлоб ба амал омад. Дар ин маврид ҳам бо иллати риоя нагаштани қоидаҳои зидди сӯхтор ба ҳангоми газпуркунӣ, колонкаи тақсимотӣ оташ гирифт. Дар натиҷаи амалиёти фаврии сӯхторхомӯшкунон, оташ дар кӯтоҳтарин муддат хомӯш карда шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!