Бахшҳо

Зикри вазир аз дастури Президент барои даъвати бе "облава”

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи артиш давоми ду рӯзи аввали моҳи апрел дар ҷумҳурӣ 17 дарсад иҷро гардидааст.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, имрӯз 4 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки дар рӯзи нахустини оғози маъракаи даъват, аввалин шуда, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлоли вилояти Суғд ва Дарвоз аз иҷрои пурраи нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ гузориш доданд.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, то ҳол дар ВМКБ 13 фисади нақша, Суғд 12 фисад, дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 23 фисад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19 фисад ва дар чор навоҳии пойтахт 12 фоизи нақша иҷро гардид: “Хушбахтона айни ҳол ин маърака дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад”.

Ба гуфтаи манбаъ қабл аз оғози ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбӣ бо иштироки намояндагони тамоми комиссариатҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ҷамъомад доир гардид, ки дар он вазири мудофиа, Шералӣ Мирзо суханронӣ карда, супориши раисҷумҳур дар бораи пешгирӣ аз ҳаргуна қонуншиканиҳо ҳангоми даъвати наваскаронро хотиррасон кардаст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, ки зимни даъвати наваскарон роҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла “облава” истифода нашавад ва маъракаи даъват тариқи фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардад.

Дар баробари ин тибқи иттилои Фариддун Маҳмадалиев вазири мудофиаи Тоҷикистон супориш додааст, ки дар биноҳои комиссариатҳои ҳарбӣ мавзеҳои махсус омода карда шавад, то шаҳрвандон вобаста ба ин ё он монеаву мушкилот муроҷиат кунанду фавран ҷавоби мушаххас гиранд: “Ин ҳам ба хотири он аст, ки мардум аз дигар гӯшаҳои кишвар сарсону овора ба пойтахт наоянд. Умуман айни ҳол дар давоми ду рӯз ягон шикояту арз аз ҷониби шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст”.

Аз 1 апрел дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ оғоз гардид.
Мӯҳр
Оё сохиби 2 фарзанд хам бошад чавон уро хоханд бурд

Беақл
Бо таъкид кардан иктифо кардан кори дурусте нест. Бояд он нафароне, ки "облава" мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ, банди одамрабоӣ (Кодекси ҷиноӣ) кашида шаванд.
Кушта шудани ду корманди военкомат дар Душанбе ва фиристодани сарбозони маъюбу мариз барои артиш чизест шармовару нафратбарангез.

Э бародарон ба гапои ин одамои бовар накунену ба дилам нагирен. Ино гуфтагишон ба мекардагишон ягон бор мувофикат намекунад. Дар гап як чиза мегану дар карда тамоман дигаранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)