Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Шералӣ Хайруллоев аз мақомот даъват кард, ки алайҳи созмонҳои ифротӣ иқдом намоянд

9 ноябр 2011, 05:16

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон ба вилояти Суғд cафари корӣ намуда, ба фаъолияти сохторҳои марбутаи вазорат, аз ҷумла ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ҳолати иҷрои фармони президент оид ба даъвати навбатии ҳарбии шаҳрвандон шинос гардид.


Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят номбурда бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, бо иштироки роҳбарони мақомоти вилоятии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҷумла вазорати мудофиа, ташкилоту идораҳои дахлдори вилоят ҷаласаи корӣ доир намуд.Шералӣ Хайруллоев натиҷаҳои омӯзиши гурӯҳи кории вазорати мудофиаро дар ҷузъу томҳои ҳудуди гарнизони ҳарбии вилоят мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкории хуби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҷузъу томҳои ҳарбиро дар  самти дастгирии моддӣ ва маънавӣ таъкид намуд.

Вазири мудофиа ҳамчунин дар ҷаласаи корӣ ба роҳбарони мақомоти вилоятии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бобати вусъат бахшидани ҳамкорӣ, мустаҳкам намудани робита бо ҷомеа, роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо, андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия» дастуру супоришҳои мушаххас дод.Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!