Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 апрел 2017, 20:11

Марги 1 нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ

9 ноябр 2011, 05:45

Сониҳаи нақлиётӣ дар километри 32-юми роҳи Турсунзода -Душанбе мунҷар ба марги як нафар гардид.


Тавре аз маркази матбуотии РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, рӯзи гузашта, тахминан соати 11:30 ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Абдулвосит  Ҳайдарови 20- сола аснои ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба ҷониби шаҳри Душанбе дар километри 32-юми роҳ мошинро идора карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай старекс», ки таҳти идораи ронанда Ҳикматулло Бобоеви 30- сола ҳаракат мекард, бармехӯрад. Дар натиҷа, мусофири тамғаи «Опел-Астра» марди шахсияташ номаълум тақрибан 30-35 сола дар маҳалли ба ҳалокат мерасад.Мусофири дигари автомашинаи мазкур Парвина Раҳмоноваи 20-сола ва Зайниддин Саидови 36-сола ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 4 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!