Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 июл 2017, 13:42

Истеъфои ҳукумати Юнон ва мушкилоти интихоби нахуствазири нав

9 ноябр 2011, 06:40

Кабинети вазирони Юнон ба истеъфо рафт.


Ҳайати нави ҳукумати ин кишварро лозим аст, ки барои баргардонидани қарзи давлатӣ чораҳои фаврӣ андешад.

Аъзои ҳукумати пешин дар бораи истеъфояшон ариза навиштаанд ва аммо дар бораи ҳайати нави ҳукумат ҳизби ҳоким ва мухолиф ҳанӯз ба тафовуқ нарасидаанд.

Акнун тасмими истеъфои ҳукумат барои таъсиси ҳукумати гузор кӯмак хоҳад кард. Ҳукумати чадид барои аз тариқи порлумонӣ гузаронидани тартиби баровардани Юнон аз бӯҳрони молӣ талош хоҳад кард.

Бино ба гуфтаи яке аз вазирони мустафъӣ, шоми имрӯз нахуствазири нави Юнон муайян хоҳад гашт. Номзадҳои арзанда ба ин мақом Никифорос Диамандурос, омбудсмени Аврупо ва Лукас Пападимос, сарвари Бонки марказии Аврупо дониста мешаванд. Сарвазири собиқи ин кишвар Георгиос Папандреу бо ҳайати пешини ҳамкоронаш дар ҷаласаи охири кори хайрухуш карда гуфт, дар ҳайати нави ҳукумат кор карданӣ нест.

Ёдовар мешавем, ки 5 ноябр порлумони Юнон барои таъсиси ҳукумати эътилофии зиддибӯҳронӣ ба хотири дарёфти маблағи кӯмак ба миқдори 130 миллиард евро  овоз дода буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!