Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Сармураббии тими Ҷопон ба пирӯзии дастааш боварӣ дорад

10 ноябр 2011, 12:29

Имрӯз, 10-уми ноябр дар толори меҳмонхонаи “Тоҷикистон”-и пойтахт нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид.


Зимни конфронси мазкур Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфт: "Мо аз рӯзи 8-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор” ба тамринҳо шурӯъ кардем.Ҳамаи бозигароне, ки ба даста даъват шуда буданд, аз санҷиш гузаштанд. Ба даста як легионер Фарҳод Восиев, ҳимоятгари “Шинник”-и Ярославл, ҳамроҳ шуд. Ин дафъа мо ҳайати дастаи мунтахабро аз ҳисоби бозигарони тими “Регар-ТадАЗ” пурқувват кардем. Аммо ҳавои сарди рӯзҳои охир ва бориши борону барф барои омодагии мо мушкилот эҷод кард. Дар мавриди тими мунтахаби Ҷопон бояд инро бигӯям, ки он  пурқуввату пуртаҷриба аст. Ин даста дар назди худ вазифаи роҳхат гирифтан ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014-ро гузоштааст. Ба онҳо барои амалӣ шудани ин мақсадашон барори кор мехоҳем».

Алберто Дзаккерони, сармураббии дастаи мунтахаби Ҷопон аснои посух ба суоли хабарнигорон гуфт: «Тими миллии футболи Тоҷикистон имкони бо дастаҳои пурқувват бозӣ карданро пайдо намуд, албатта ин ба нафъи тамоми футболи тоҷик аст. Мо ба ин бозӣ, ки дар таърихи 11-уми ноябр баргузор мешавад, дар Қатар омодагӣ дидем. Он ҷо ҳаво гарм буд, вале дар Душанбе ҳаво сард аст. Мо ҳоло намедонем, ки вазъи майдони бозӣ чӣ гуна аст. Баъди ин нишаст мо ба Варзишгоҳи марказии Душанбе меравем. Дар назди дастаи мо танҳо як вазифа гузошта шудааст, ки ин роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқот мебошад .

Маврид ба тазаккур аст, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё 11-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими миллии Ҷопон бозӣ мекунад. Ин бозии даври чоруми гурӯҳи “С” соати 14 оғоз меёбад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Ӯзбакистон ва Кореяи Шимолӣ фардо дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд соати 18 сурат мепазирад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Ӯзбакистон бо ҳисоби 0:1, дар ду бозии баъдӣ дар сафар аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:1 ва Ҷопон бо ҳисоби калони 0:8 мағлуб гашта буд. Ҳоло дар гурӯҳи "С" Ҷопону  Ӯзбакистон 7-холӣ ва Кореяи Шимолӣ се имтиёз ба даст овардаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!