Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 январ 2017, 14:47

Ҳамрохон Зарифӣ мӯътақид аст, ки парвандаи ҳалабонҳо ангезаи сиёсӣ надорад

11 ноябр 2011, 04:57

Гуфтугӯи телефонии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои русаш баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати мазкур иттилоъ доданд, Ҳамрохон Зарифӣ бо Сергей Лавров зимни сӯҳбат масъалаи шаҳрванди рус Владимир Садовничий, ки аз ҷониби суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон маҳкум шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷаноби Зарифӣ гуфт, ки дар рафти баррасии парванда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои мурофиавиро, ки аз ҷониби қонунгузории миллии кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии он пешбинӣ гардидаанд, риоя кардааст. Номбурда аз он изҳори таассуф намуд, ки нисбати парвандае, ки ба нақзи қонунгузории ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад, ангезаи сиёсӣ таҳмил карда шудааст.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, Зарифӣ дар мавриди арзи ҳамтои худ перомуни саривақт надодани маълумот дар бораи шаҳрванди дастгиршудаи Федератсияи Русия иброз дошт: «Дар давраи тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва сафорати Русия дар Тоҷикистон оид ба парвандаи мазкур на шифоҳӣ, на хаттӣ ягон маротиба ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат накардааст». Ҳамрохон Зарифӣ таъкид намуд, ки   Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Русия қатъиян пайравӣ мекунад ва бар он аст, ки зимни баррасии масъалаҳои ба ин монанд мебояд ба робитаҳои зичи бисёрасраи миёни ҳарду кишвар такя намуда, масъалаҳои ба миёномадаро тариқи гуфтушунид дар фазои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳал кунанд.
-Сергей Лавров дар навбати худ фикру мулоҳизаҳояшро доир ба масъалаи зикргардида иброз дошта, аз ҳамтои тоҷикистониаш мусоидатро дар ҳалли мушкили мазкур хоҳиш намуд,- илова кард сарччашмаи хабар.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!