Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:07

Кашфу мусодираи 3 тонаву 926 кило маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон

11 ноябр 2011, 09:55

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон зарфи даҳ моҳ аз муомилоти ғайриқонунӣ  3 тоннаву 926 килову 724 грамм воситаҳои нашъаовар мусодира кардаанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз агентии назорат аз болои маводи мухаддир иттилоъ доданд, аз ин миқдор 493 килои онро ҳероин ташкил медиҳад. Ба қавли манбаъ, 2 тоннаву 939 килои дигари мухаддири забтшуда  маводи нашъадори мансуб ба каннабис аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30, 6% афзоиш доштааст. -Зарфи 10 моҳи соли 2011 кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон 110 ҳодисаи марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва  зиёда аз 833 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд, ки бештар аз 110 кило он ҳероин мебошад.  Афюни дар ин муддат мусодирашуда  зиёда аз 46 кило ва маводи нашъаовари мансуб ба гурӯҳи каннабис  наздик ба 677 кило мебошад,-афзуд манбаъ.

Ҳамчунин, тайи 10 моҳи соли равон 140 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор боз шудааст, тафтиши 96 парванда дар қиболи 132 нафар ба анҷом расида ва ба судҳо ирсол гардидааст. Давоми  даҳ моҳ дар қаламрави  Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои қочоқи нашъа  659 нафар боздошт шудаанд, ҳамзамон 36 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба ҷурми ширкат дар муомилоти маводи мухаддир дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Аз оғози соли ҷорӣ дар агентӣ бештар аз 535 кило ва аз замони таъсиси он то ба имрӯз наздик ба 14 тонна воситаҳои нашъаовар нобул карда шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!