Бахшҳо
11 ноя 2011 12:04Хабарҳои ҷаҳон

11-11-11: Ҳукумати Миср тамошои аҳромҳоро манъ кард

Ҳукуматдорони Миср воридшавии сайёҳон ба тамошогоҳи аҳромҳои бузургро рӯзи панҷшанбе, ки чун «Рӯзи рақамҳои ҷодӯӣ» ҳисобида мешавад, манъ карданд.


Рӯзи рақамҳои ҷодӯӣ чунин аст, ки ҳангоми ҳисоб аз ду тараф, яъне пасу пеш ҳисоби якхела дорад. Ҷумъаи моҳи ноябри соли 2011 чунин рӯзе будааст.  Дар ин рӯз сокинони сайёраи замин як лаҳзаеро аз сар мегузаронанд, ки тамоми рақамҳо аз «1» иборат аст ва дар маҷмӯъ 12 рақами 1 ба ҳам меоянд, ки ин ҳолат дар навбати дигар танҳо баъд аз сад сол як маротиба такрор мешавад. Масалан, соати 11, дақиқаи 11, сонияи 11,  рӯзи 11-ум ва моҳи 11-уми соли 2011.

Муҳофизони осори бостонии Миср далели баста шудани дарвозаи бинои аҳромро мушаххасан шарҳ надодаанд ва яке аз сабаби онро ҳифзи осори таърихӣ дар арафаи баргузории иди Қурбон маънидод кардаанд. Аммо ба иттилои расонаҳои хориҷӣ ҳукуматдорони Миср тариқи интернет аз мақсади баъзе гурӯҳҳое мисли масеҳиёну яҳудиҳо, ки мехостаанд, дар дохили яке аз аҳромҳои қадима дар рӯзи рақамҳои ҷодӯӣ дар пояи аҳром «Рӯзи шайтон»-ро ҷашн гиранд, бохабар шуда, барои оромии вазъ чунин тасмим гирифтаанд. Ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз даргириҳои мазҳабӣ миёни намояндагони гурӯҳҳои динӣ дар дохили аҳром гирифта шудааст.

Ин иқдоми ҳукуматдорони Миср дар ҳолест, ки бисёре аз мардуми ҷаҳон истиқболи ин рӯзро беқаророна интизор буданд ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Дар Маскав дар ин рӯз дилбастагони зиёде барои бастани ақди никоҳ омодагӣ мегиранд. Онҳо барои баргузории туйи арусӣ ба хиёбонҳо мебароянд. Дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико ба хотири баргузории тӯйи арӯсӣ дилбастагон аз меъёри муқаррарӣ 3 баробар зиёд ба хиёбонҳо мебароянд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)