Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:32

Мустафо Синасёр аз сатҳи ҳамкориҳои СММ бо Тоҷикистон қаноатманд аст

12 ноябр 2011, 05:09

Дар Душанбе мулоқоти Қосим Косимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози нави Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Осиёи Марказӣ Мустафо Синасёр баргузор шуд.


Тавре аз дафтари матбуотии ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни вохӯри Мустафо Синасёр изҳор намуд, ки минбаъд ҳамкориҳо байни ин ниҳоди марбут ба СММ ва вазорати кишоварзии ҶТ рушд ва тавсеа меёбанд. Номбурда афзуд, ифтитоҳи намояндагии доимии СОК (ФАО) дар Тоҷикистон намунаи олии ин ҳамкорӣ мебошад.

Ҳамзамон, масоили баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳои кишоварзӣ, афзоиши  тамоюлҳо дар  ҳифзи ҳамҷояи боғҳо аз маризӣ ва ҳашароти зараррасон, омодасозии кадрҳои беҳдоштӣ ва маводи таълимии байторӣ бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ, дастгирӣ дар коркард ва ҷорисозии технологияи ҳифзи захираи маҳсулот низ  мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!