Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:44

SoS: 297 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ мегарданд

12 ноябр 2011, 05:23

Ҳудуди 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд.


Дар ин бора Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти Федералии муҳоҷирати ин кишвар  ба расонаҳои русӣ иттилоъ додааст. Хонум Корнилова афзудааст: «297 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ба сар мебаранд ва ҳукми додгоҳро дар мавриди депорт шуданашон аз Русия гирифтаанд, рӯзҳои наздик ба кишвари зисташон истирдод мешаванд. Ҳоло фақат паҳлӯи техникии кор- омодасозии асноди зарурӣ мондаасту бас». Сомонаи расмии ҳизби ҳокими Русия «Единая Россия» (Русияи воҳид) бо такя ба иттилои Хадамоти Федералии муҳоҷират ин хабарро ба нашр расондааст.

Қаблан, ХФМ-и Русия гуфта буд, ки беш аз 100 муҳоҷири кории тоҷик бо сабаби нақзи қавонини марбута аз ин кишвар ихроҷ мегарданд. Хабаргузории «Интерфакс» ҳам шоми дирӯз иттилоеро пахш кард, ки муҳоҷирони кории тоҷик барои дарёфти иҷозаи кор дар Русия ба мушкил мувоҷеҳ гаштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!