Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:54

ВКД: Боздошти охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштггоҳи КДАМ дар ноҳияи Панҷ

14 ноябр 2011, 03:00

Охирин маҳбуси гуреза, ки шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи КДАМ фирор карда буданд, дастгир гардид.

 


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, Аъзам Зиёев, маъруф ба лақаби «Аъзами Панҷара» дар зодгоҳаш-ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон боздошт шудааст. Манбаъ ҳамчунин гуфт, Зиёев аз шумули 25 нафар маҳбуси фирорӣ охиринашон буд, ки то ин замон дар пайгарди мақомот қарор дошт.

Гуфтанист, Аъзам Зиёев аз дохили қабристон дастгир шуда, аз ӯ як норинҷаки дастӣ, силоҳи тамғаи Макаров ва 34 дона тир мусодира гардидааст. Зиёеви 42-сола ба ҷурми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, нигоҳ доштани аслиҳа, талош барои ғасби ҳукумат ва ҷиноёти дигар маҳкум ба зиндон шуда буд.

Маврид ба ёдоварист, шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ 25 нафар зиндониён фирор карда буданд, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Ӯзбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Зимни амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ва боздошти фирориён 8 нафари онҳо кушта ва 17 нафари эшон бо шумули Аъзам Зиёев боздошт шудаанд.

Рӯйхати 25-нафар маҳбусе, ки шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи КДАМ фирор карда буданд:

Ҳамидулло Юлдошев, Саидусмон Хоҷаев, Мазҳаруддин Худоёров, Баҳруддин Ҳасанов, Фурқат Халметов, Ҳусейн Сулейманов, Баҳром Орифҷонов, Иброҳим Насриддинов, Толибшо Наимов, Абдурасул Мирзоев, Қурбоналӣ валади Маҳмадамир, Фахриддин Кокулов,  Ҷумъа Иброҳимов, Ҷонибек Зиёев, Казбек Ҷабраилов, Худойқул валади Эгамбердӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим, Магамед Аҳмедов, Алӣ Алиев, Ҳикматулло Азизов, Раҳмиддин Азизов, Зайдулло Азизов, Низомӣ Абиев, Аъзам Зиёев.

Се тан аз фирориён, шаҳрвандони  Афғонистон буданд, ки мақомоти давлати исломӣ пас аз боздошти онҳо дар қаламрави кишвараш онҳоро ба Тоҷикистон истирдод накард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!