Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

Омбудсмен аз зиндонҳои Тоҷикистон дидан мекунад

20 май 2011, 05:12

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода тасмим гирифтааст, то моҳи августи соли равон аз кулли зиндонҳои кишвар дидан намояд.

“Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки барои аз миён бурдани мавориди шиканҷа дар зиндонҳо дар якҷоягӣ бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссариати  олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳашт нишаст дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон доир шавад”-мегӯяд ӯ. Агарчи вазъи зиндонҳо ва шароити нигаҳдошти маҳбусин ҳамеша мавриди интиқод буду ҳаст, вале вазири адлияи кишвар Бахтиёр Худоёров Тоҷикистонро барои эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонаш васф карда мегӯяд, Тоҷикистон дар даврони истиқлолият инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун ҷавҳари асосии сиёсати давлату ҳукумат ба инобат гирифтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!