Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 январ 2017, 18:29

Кӯлоб: Муаллифи асари «Масъуди сипаҳсолор» 70-сола шуд

14 ноябр 2011, 04:22

Сайид Раҳмон, адиб ва журналисти тоҷик, ки дар Кӯлоб ба сар мебарад 70-сола шуд.


Ба ин муносибат рӯзи 12-уми ноябр дар театри мавсум ба Сайидалӣ Вализодаи шаҳр маросими пуршукӯҳе доир гардид. Ҳамзамон, намояндагони ҳукуматҳои шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофии он низ ба муборакбодии адиб омаданд.Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ба ифтихори ин ҷашн заҳмати 40-солаи адиб дар ҳаётиҷамъиятӣ бо ифтихорномаи ҳукумати вилоят қадрдонӣ шуд.

Манбаъ афзуд, Зулайхо Комилова, муовини райиси шаҳри Кӯлоб изҳор дошт, ки Сайид Раҳмон дар ҳама ҳолат аз пуштибониву дастгирии ҳхукумати шахр бархурдор аст. Бояд тазаккур дод, ки Сайид Раҳмон муаллифи ду китоби назмии «Резаборони тарона» ва «Сӯзи дил», инчунин се китоби насрии «Аз рӯзгоре то рӯзгорон», «Шукронамарг» ва «Масъуди сипаҳсолор» мебошад. Дар соли 2010 романи «Масъуди сипаҳсолор»-и Сайид Раҳмон сазовори ҷоизаи вилоятии ба номи Носири Хисрав гардида буд.Сайид Раҳмон ин асари худро нуктаи баландтарини фаъолияти эчодиаш медонад.Муаллиф дар ин асар перомуни ҳаёти шахсии Аҳмадшоҳи Масъуд, аз фармондеҳони шинохтаи муҷоҳидини Афғонистон ва ҷиҳоду муқовимати ӯ алайҳи артиши шӯравӣ ва толибон қисса кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!