Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳро раҳбари худ эълон кардаанд
Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода ба ҷойи Мулло Ахтармуҳаммад раҳбари гуруҳи Толибон таъин шудааст. Ахтамруҳаммад дар пайи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинӣ амрикоӣ дар минтақаии марзии байни Қандаҳори Афғонистон ва Балуҷистони Покистон, ки Нушкӣ ном дорад, кушта шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо нашри як иттилоия гуфтааст, Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода аз ҷониби Шӯрои гуруҳи Толибон ба ҳайси раҳбари нав ва Сироҷиддин Ҳаққониву Мулло Яъқуб муовинони ӯ таъйин шудаанд. Мулло Яъқуб, писари раҳбари Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари собиқи Толибон гуфта мешавад.
Фаъолияти гуруҳи Толибон дар бештари кишварҳо ҳамчун созмони террористӣ манъ шудааст. Толибон дар гузашта панҷ сол (1996-2001) зимоми қудратро дар Афғонистон зери даст доштанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |