Бахшҳо

Тоҷикон аз ҷашнвораи “Asia Model Festival-2016”-и Корея дасти холӣ наомаданд (АКСУ ВИДЕО)

Тоҷикистонро дар “Asia Model Festival-2016” ё Ҷашнвораи муди Осиё, ки дар шаҳри Сувони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, чор нафар намояндагӣ карданд.

Дар ин ҷашнвора, ки аз 5 то 22 май баргузор шуд, Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик барои саҳмаш дар рушди фарҳанги Осиё бо роҳи шоу бизнес дар Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Фотима Маҳмадалиева ва Азизҷон Мирзоев, моделони тоҷик дар бахши ситораҳои муди ҷашнвораи Осиё ширкат карда, аввалиро мири шаҳри Сувон симои ин шаҳр баргузидааст. Минбаъд дар чорабиниҳои ин шаҳр аксҳои ӯ пайдо хоҳад шуд.

Макнуна Ниёзова, тарроҳи тоҷик бошад, дар бахши намоиши либосҳои замонавӣ ба дарёфти ҷоизаи вижа даст ёфтааст. Хонум Ниёзова 25 май дар як суҳбат дар дафтари “Озодагон” гуфт, ӯ ба ин ҷашнвора маҳсӣ, тоқӣ, сала, муҳраҳои сохти қадима ва либосҳои таҳияшуда аз атласу чаканро пешниҳод кард, ки аз сӯи ҳакамону иштирокдорон хуб пазируфта шуд.



Ба гуфтаи Макнуна Ниёзова либоси милли тоҷикӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳадде ҷалб кард, ки баъди анҷоми намоиши муд афроди зиёде барои харидории онҳо омаданд: “Коллексияи ба намоиш гузоштаи маро бисёр хуб пазируфтанд. Харидорони зиёд пайдо шуд. Махсусан ба матои атлас зиёд таваҷҷуҳ карданд ва хоҳиш намуданд, ки минбаъд аз ин матоъ зиёд биёрам”.

Ин бори нахуст аст, ки намояндаҳои Тоҷикистон ба ҷашнвораи муди Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ роҳ меёбанд. Имсол дар ҷашнвораи мазкур намояндаҳои 25 кишвар иштирок намуданд. “Фикр мекунам дар муаррифии Ватани худ ба иштирокдорони ҷашнвора муваффақ шудем. Дар Кореяи Ҷанубӣ моро хеле хуб пазироӣ намуданд ва ҳатто вақти баргаштан моро бо гиря гусел карданд. Гуфтанд, умедворем, ки соли оянда низ аз Тоҷикистон намояндаҳо меоянд”,-мегӯяд, Макнуна Ниёзова. Ӯ гуфт, дар ин ҷашнвора бо тарроҳони маъруф шинос шуда, идеяҳои нав тавлид шуд, ки минбаъд барои рушди ҳунарашон кумак хоҳад кард.

Макнуна Ниёзова, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омузгори фанни дизайнер аст, мегӯяд, тасмим дорад соли оянда шогирдони худро барои ширкат дар ин ҷашнвора омода кунад: “Мехоҳам соли оянда ба ин фестивал тарроҳони ҷавонро омода кунам, раванд маҳсули дасти худ ва Тоҷикистонро муаррфӣ намоянд. Зиёд мехоҳам, ки дар Душанбе ҳам чунин ҷашнвораҳои сатҳи баланд баргузор шавад”.

Макнуна Ниёзова дар як суҳбати қаблӣ бо “Озодагон” гуфта буд, барои ширкат дар ҷашнвораи муди Осиё ба сармоягузор ниёз дорад, аммо дар суҳбати рӯзи гузашта изҳор дошт, харҷи ин сафарро Донишгоҳи техногии Тоҷикистон пардохтааст: “Аз ин фурсат истифода намуда, минатдории худро ба раҳбарияти ин донишгоҳ мерасонам”.

Макнуна Ниёзова, соли гузашта дар Қазоқистон ғолиби фестивал-озумни “Face of Central Asia” (Чеҳраи Осиёи Марказӣ) гардида, ба ҷашнвораи муди Кореяи Ҷанубӣ роҳхат гирифта буд.


Тоҷикон аз ҷашнвораи “Asia Model Festival-2016”-и Корея дасти холӣ наомаданд (АКСУ ВИДЕО)

Тоҷикон аз ҷашнвораи “Asia Model Festival-2016”-и Корея дасти холӣ наомаданд (АКСУ ВИДЕО)

Тоҷикон аз ҷашнвораи “Asia Model Festival-2016”-и Корея дасти холӣ наомаданд (АКСУ ВИДЕО)

Тоҷикон аз ҷашнвораи “Asia Model Festival-2016”-и Корея дасти холӣ наомаданд (АКСУ ВИДЕО)

Тоҷикон аз ҷашнвораи “Asia Model Festival-2016”-и Корея дасти холӣ наомаданд (АКСУ ВИДЕО)

Тоҷикон аз ҷашнвораи “Asia Model Festival-2016”-и Корея дасти холӣ наомаданд (АКСУ ВИДЕО)

Тоҷикон аз ҷашнвораи “Asia Model Festival-2016”-и Корея дасти холӣ наомаданд (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Оишкбача
Озодагон, шарт набуд худнамоишдихи. Зеро ин чо гуфта ки "Хонум Ниёзова 25 май дар як суҳбат дар дафтари “Озодагон” гуфт, ӯ ба ин ҷашнвора маҳсӣ, тоқӣ, сала, муҳраҳои сохти қадима..." Шумо акун гуфтаниед, ки барои сухбат худи у ба идора Шумо омадааст) Аз худ имичсози ун кадар зебо нест))) Боки муваффак бошед! Вокен Макнуна зебо ва сохибистеъдод аст!

Very beautiful
Оишкбача,

салому Алейкум мухтарам журналистон дар хакикат боиси хурсандист.ки номи Точикистони Азизи моро баланд бардоштанд ташаккур як чахон карсак ба онхо)))) вале манро як манзараи сурхе ки хамрохи Зевар аст шарманда кард Ин чи либос пушист магар Епропа хаст Точикистон Алхамдулиллох мусалмонем Ин чи шармандаги аст Ман намедонам ин занхо шавхар дорад ё не . Читавр либоси милли моро таърифу тавсиф намуда боз инхел либосхо мепушанд шарманда кариб ки шармгоххояшонро хам нишон диханд. АЗ ОЗОДИ ХОХИШ МЕНАМОЯМ СУХАНХОИ МАРО ЧОП КУНЕД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)