Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

СҒД-ҳои Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев нома навиштанд

15 ноябр 2011, 12:13

Вазъи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, ки ахиран дар иртибот ба қазияи халабонҳои маҳкумшуда ба мушкилӣ мувоҷеҳ гаштааст, ҷомеаи шаҳрвандии кишварро нигарон кардааст.

 

Бархе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон тайи ирсоли як нома унвонии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои руси ӯ навиштаанд: «Ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ – Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз сӯи мақомоти Русия тавъам афтодааст. Мо аз мақомоти Тоҷикистону Русия, ду кишвари дӯст, мехоҳем, ки барои идомаи ҳамкориҳои “хуб”-и дуҷониба саъй намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонашонро дар қаламрави ин ду кишвар риоя кунанд».   
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳе аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикрони Тоҷикистон шаби гузаштаи 14-уми ноябр дар Душанбе «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон»-ро ташкил доданд. Ин гурӯҳ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгоҳ нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd»  сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Гурӯҳи мусоидат ба ин ҳақиқат таъкид менамояд, ки таърихи тӯлонии равобити ҳамаҷонибаи мардуми тоҷику рус натиҷаҳои беҳтару барои ҷонибҳо манфиатовар дар ростои таҳкими ин дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дорад.Аъзоёну ҳаводорони ин гурӯҳ низ унвонии мақомоти мухталифи Русия ва Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол карданианд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!