Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:01

Ҳалли мусбати қазияи халабонҳои ширкати «Rolkan Investmens Ltd» ба манфиати ҳар ду кишвар аст

16 ноябр 2011, 05:10

Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд ва қазия ҳалли худро рӯзҳои наздик пайдо мекунад.


Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» бо такя ба гуфтаҳои Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон иттилоъ додааст. Дипломати рус гуфтааст, ки дар мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, тарафҳо дар қазияи халабонҳо «забони муштарак» пайдо кардаанд. Ба қавли ӯ ҳам Душанбе ва ҳам Маскав мӯътақиданд, ки ҳалли мусбати масъала ба манфиати тарафайн аст.

Маврид ба ёдоварист,Юрий Попов рӯзи 11-уми ноябр барои машварат бо мақомоти кишвараш озими Маскав шуда буд ва рӯзи 14-уми ноябр ба Душанбе баргашт. Вазорати умури хориҷии Русия пас аз эълони ҳукми халабони рус дар додгоҳи вилояти Хатлон, дипломатии худро барои машварати кӯтоҳмуддат аз Душанбе ба Маскав фаро хонда буд.

Бойиси тазаккур аст, ки рӯзи 7-уми ноябр суди шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳо Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро, ки дар ширкати мавсум ба «Rolkan Investmens Ltd» фаъолият доштанд, барои убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи қоидаҳои байнулмилалии парвоз ба 8,5 соли ҳабс маҳкум кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!