Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

Бохти дуввуми тими миллии футболи Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Ӯзбакистон

16 ноябр 2011, 05:39

Шоми дирӯз дастаҳоии мунтахаби футболи Тоҷикистону Ӯзбакистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд вохӯрданд.


Ин бозӣ бо шикасти тими мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Бозигарони яккчини ӯзбак ин дафъа ба дарвозаи ҳарифашон 3 тӯби беҷавоб ворид карда, 3 холи дигар ба даст оварданд. Тими Тоҷикистон бошад, дар даври сеюми бозиҳои интихобӣ аз 5 бозии баргузоршуда, ягон имтиёз ба даст наоварда, ба замми ин аз дарвозааш 15 тӯб сар додааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 4 бозии қаблияш низ ба шикаст мувоҷеҳ шуда, дар ин гурӯҳ  бе ягон имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Натиҷаҳои қаблии бозиҳои тими миллӣ ба таври зайл аст:

Тоҷикистон-Ӯзбакистон 0:1, Корея-Тоҷикистон  1:0, Ҷопон-Тоҷикистон 8:0, Тоҷикистон-Ҷопон 0:4 ва ахиран шоми дирӯз -Ӯзбакистон-Тоҷикистон 3:0. Бозии охиринро тими миллии футболи кишвар бо мунтахаби Кореяи Шимоли рӯзи 29-уми феврали соли 2012 дар Душанбе мегузаронад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!