Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

«Ал-Қоида»: Усома бин Лодин ҷавонмарду бахшанда буд

16 ноябр 2011, 06:15

Силсилафилмҳо дар бораи Усома бин Лодан дар шабакаи ҷаҳонии интернет пахш хоҳанд шуд.


Дар ин бора Айман аз-Завоҳирӣ, раҳбари танзими террористии «Ал-Қоида» иброз доштааст. Ӯ, ки дар як сабти тасвирӣ дар интернет сӯҳбат мекард, Усома бин Лодин, раҳбари пешини ин гурӯҳро бо сифатҳои ҷавонмардӣ ва бахшандагӣ ситоиш намуда, аз ахлоқи воло ва муҳаббату бародарии  ӯ  бо ҳамсафонаш ёд мекунад. Дар ин сабти тасвирӣ, ки ним соат мебошад, ал-Завоҳирӣ мегӯяд, ки бо Бин Лодин дар Покистон дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар ҷараёни ҷанг алайҳи неруҳои шӯравӣ дар Афғонистон ошно шуда, муддатҳо дар сафару истиқомату дигар аҳвол бо  ӯ  будааст. Дар ин видео, ки таърихи сабти он маълум нест, раҳбари «Ал-Қоида» мегӯяд, Бин Лодин 19 нафареро, ки 11-уми сентябри 2001 дар ҳамлаҳо ба Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ ва Пентагон, рамзи асосии иқтисод ва намоди қудрати низомии ИМА ҳамла бурдаанд, ҳамеша бо некӣ ёд мекардааст.

Шабакаи хабарии «Ал-ҷазира» ба нақл аз ҳарфҳои раҳбари ҷадиди «Ал-Қоида» дар ин навор мегӯяд, силсилафилмҳоро дар бораи Бин Лодин дар интернет пахш ҳоҳад кард. Аз-Завоҳирӣ дар моҳи июн пас аз қатли Усома бин Лодин раҳбарии «Ал-Қоида»-ро бардӯш гирифт.  Ӯ  нафари ҳамроҳи Бин Лодин буда, «ақли тадбирандеш» дар стратегияи «Ал-Қоида» дар тӯли солҳои зиёд будааст.   



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!