Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

60 нафар ҳуқуқшинос аз вилояти Суғд ҷонибдории худро аз Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон эълом доштанд

17 ноябр 2011, 04:00

Коллегияи адвокатҳои «Сипар», маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Хуҷанд бо 60 нафар аз аъзоёнашон таъсиси «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирини тоҷик»-ро иқдоми мусбат ва зарурӣ медонанд.


Зимни як тамоси телефонӣ ҳуқуқшиносон аз шимоли кишвар изҳор доштанд, ки мо аз ҷонибдорони Гурӯҳем ва дар амри расидан ба ҳадафҳои ин гурӯҳ талош хоҳем кард. «Ҳоло лаҳзаи ҳасос ва хеле ҷиддӣ дар рӯёрӯи ҷомеъа ба миён омадааст, барои ҳалли мушкилот, албатта маслиҳати ҳуқуқӣ даркор мешавад. Мо барои ин кор омодаем».

Изҳороти Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирини тоҷик, ки субҳи имрӯз пахш шуд:

Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон аз ҳолати ба вуҷудомада бар асари ҳукми додгоҳ нисбати халабонҳои русӣ ва эстонӣ Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ҳамчунин ба ҳадди зиёд сиёсӣ кардани мавзӯъ дар расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон, ки ба сарнавишти муҳоҷирони кории Тоҷикистон таъсир мегузорад,  изҳори нигаронии амиқ мекунанд.

Мутаассифона, вазъият аз маҳдудаи ҳуқуқӣ берун рафта ва бо кашида шудани расонаҳои хабарӣ ва баррасиҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ин майдон шиддати бештар касб намуд. Ин ҳолат рӯҳияи миллатгароӣ ва адовати нажодиро дар ҷомеаи Русияву Тоҷикистон доман мезанад, ки ба манфиати гурӯҳҳои бадхоҳи дохилӣ ва нерӯҳои геополитикии беруна аст. Дар ростои ҳалли қазия аз роҳҳои маданӣ ва ҳуқуқӣ амалкарди заъифи ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро таъкид менамоем.

Бо ҳамфикрӣ ба он қишри ҷомеаи Русия, ки аз ташдиди ихтилоф нигарон ҳастанд, дӯстии таърихӣ ва равобити табиии ҳамкорӣ байни халқҳои русу тоҷикро ёдрас шуда, аз ҳукуматҳо, мансабдорони алоҳидда, сиёсатмадорон, коршиносон ва ҷомеаи рӯзноманигории ҳарду кишвар даъват мекунем, ки аз изҳори назару иқдомҳои эҳсосотӣ ва ҳисобнашуда худдорӣ варзанд.

Ҳеч кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи башарро ба хотири манфиатҳои лаҳзаӣ ва фурсатталабона нақз кунад ва дар фазои муносибатҳои байни мардуми ду кишвар сояи нобоварӣ афканад.

Новобаста аз рушд надоштани фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷомеаҳои мо ва набудани заминаи қонунӣ дар бораи муҳоҷират байни ду кишвар, воқеият ин аст, ки Тоҷикистон таъминкунандаи неруии кории Русия маҳсуб мешавад. Ҳазорон тоҷикистонӣ дар рушди илм, санъат, варзиш, иқтисод ва тиҷорат дар Русия саҳми босазо доштаву доранд, ҳамчунон, ки ҳазорон русиягӣ барои рушди Тоҷикистони мустақил ҳамкорӣ кардаву мекунанд.

Ҷомеаи Русия ва Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки дар вазъияти ба амаломада сукут ихтиёр карда, барои ҳар гуна кинояҳо фазоро холӣ гузоранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама, аз расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон даъват менамоем, ки аз идомаи ташдиди ихтилоф худдорӣ кунанд ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ барои воқеъгаронаву дар камоли тавозун инъикос намудани мавзӯъ талош варзанд.

Ҷамъоварии имзои ҷонибдорон ба ин изҳорот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!