Бахшҳо

SoS: Ҳудуди 450 тоҷикистонӣ дар як боздоштгоҳи Маскав

«Аксарияти онҳо худро бегуноҳ мешуморанд ва интизори кӯмаки ҳукумати Тоҷикистонанд»,- омадааст дар гузориши бахши тоҷикии радиои «Озодӣ».


Тибқи иттилои ин расона, як рӯз қабл, тақрибан соати 21:00 хабарнигори онҳо ба Боздоштгоҳи муваққатии шумораи 1-уми Маскав барои шаҳрвандони хориҷӣ дар канораи шимолии шаҳр рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, аксарияти сокинони ин маҳбас шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва барояш муяссар шуд, аз равзанҳои маҳбас бо фарёдзанӣ аз ҳоли онҳо бипурсад ва иттилоъ гирад. Хабарнигор афзудааст: "Вақте мо ба боздоштгоҳ омадем, ҳарчанд моро ба дохил роҳ надоданд, аммо ба мо муяссар шуд, ки танҳо аз равзанаҳои боздоштгоҳ бо онҳо сӯҳбат кунем. Бачаҳо сари худро аз равзанаҳо берун карда ва бо мо сӯҳбат карданд. Рӯшан шуд, ки дар тамоми ҳуҷраҳои ин боздоштгоҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро нигаҳ медоранд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки дар ин боздошгоҳ тақрибан 400 то 450 муҳоҷири кории тоҷик нигаҳ дошта мешаванд, яъне тамоми ҳуҷраҳои боздоштгоҳ пур аст. Бачаҳо ба мо шикоят карданд, ки ба онҳо ғизои дуруст намедиҳанд ва барои ҳама ҷойи хоб намерасад. То чӣ ҳад ин гуфтаҳо воқеъият дорад, мо намедонем, вале аз ҳама тирезаҳо бачаҳои тоҷик ба берун нигоҳ мекарданд. Онҳо номҳои худро ҳам гуфтанд, Фурқат, Давлат, Баҳром, Саид.

Фурқат гуфт, ки аз ноҳияи Данғара ва 21-сола аст. Ӯро дар истгоҳи роҳи оҳани Қазон рӯзи 11 ноябр боздошт карданд, агарчӣ тамоми санадҳои лозими қонуниро дошт, вале милисаҳо санадҳои ӯро пора карда, дур андохтанд ва гуфтанд, ки дигар санад надорад ва баъд ба ҳамин боздоштгоҳ оварданд. Ҷавони дигаре, ки худро Абӯбакр Азизов номид, гуфт, айнан ба ҳамин шева бозошт шудааст. Аммо дар байни боздоштшудаҳо онҳое ҳам ҳастанд, ки хеле пештар ба ин ҷо оварда шудаанд. Як мард шикоят кард, ки 56 рӯз боз ин ҷост ва намедонад, сарнавишташ чӣ мешавад.

"Пурсиш: Муҳоҷирони боздоштшуда бештар аз чӣ дар онҷо ба танг омадаанд?

Посух: "Метавон гуфт, ки онҳо дигар умед надоранд, ки дар боздоштгоҳ мемонанд ва ба тақдири худ тан додаанд ва мехоҳанд, то онҳоро ҳарчӣ зудтар ба хонаҳояшон бифристанд. Дар кӯчаҳои Маскав баъди оғози маъракаи боздоштҳо дигар, на танҳо муҳоҷирони тоҷикро намебинед, балки муҳоҷирони кишварҳои ҳамсояро низ,  зеро барои милисаҳои рус фарқ надорад, ки тоҷиканд, қирғиз ва ё ӯзбак, барои онҳо ҳама муҳоҷиранд ва ҳамаро мегиранд. Ман бо муҳоҷирони зиёде сӯҳбат кардам, ки дар хона мешинанд ва ҳатто метарсанд, ки аз хонаҳояшон берун шаванд."

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)