Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

Мақоми аршади низомии Ҳиндустон дар ҳузури Ислом Каримов

17 ноябр 2011, 06:10

Ваҷпай Кумар Синг, фармондеҳи кулли қувваҳои мусаллаҳи Ҳиндустон нимрўзи чаҳоршанбеи 15-уми ноябр вориди Тошканд шуд.


Тибқи иттилои расонаҳо, ин сафар бо азми дидор ва музокирот бо мақомоти сиёсиву низомии Узбакистон ва бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад. Боздиди мақоми низомии баландпояи ҳиндӣ ба Тошканд дар муносибатҳои 20-соли Узбакистону Ҳиндустон барои нахустин бор буда, баррасии самтҳои ҳамкории низомӣ миёни ҳарду кишвар мавзўи меҳварии мулоқотҳои Ваҷпай гуфта мешавад. Ҳиндустон бо Узбакистон ҳамкориҳои хубе дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, бозоргонӣ, кишоварзӣ ва илму фанноварӣ дорад ва сафари фармондеҳи кулли ин кишвар заминаи ҳамкориҳои фаннӣ ва низомии ҳар ду кишварро фароҳам меорад.

Дар назар аст, ки ҷаноби Синг рўзи 19-уми ноябр аз Тошканд ба Остонаи Қазоқистон парвоз кунад. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳиндустон бо Қазоқистон болотарин сатҳи ҳамкориҳои  низомиро дорад. Нурсултон Назарбоев, ягона мақоми олирутба аз кишварҳои ОМ мебошад, ки соли равон аз сўйи мақомоти Деҳлии нав барои ширкат дар барномаи «Рўзи миллии Ҳиндустон» ба ин кишвар даъват шуда, дар ҷашни таърихии ҳиндиҳо ҳузур ёфт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!