Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Низомиёни артиши Асад ба тарафи мардуми эътирозгар мегузаранд

17 ноябр 2011, 10:26

Созмони мардумии инқилоби Сурия рӯзи чаҳоршанбе 16-уми ноябр эълон кард, ки низомиёни ҷудошуда аз артиши Сурия ба қароргоҳи амниятии неруҳои ҳавоии ин кишвар дар шимолии шаҳри Димишқ ҳамла бурданд.

 


Бар пояи иттилои хабаргузориҳо аз ин кишвар, аз замони оғози эътирозоти мардумӣ барои аввалин бор аст, ки «Артиши озоди Сурия» ба сурати мусаллаҳона ба як маркази амниятии вобаста ба режими Башшор Асад юриш бурдаанд. Афроди «Артиши озоди Сурия»  бо мушаки RPG ва ракетаву пулемётҳо ба муҷтамаи Созмони амниятии ҳукумати Башшор Асад дар канори ҷодаи Димишқ-Ҳалаб ҳамла бурда, дар натиҷа даргирии сахт бо пайомади куштаву захмӣ шудани даҳҳо тан ба вуқӯъ пайваст, ки ба сабаби мамнӯъ будани вуруди хабарнигорон ба ин минтақа теъдоди мушаххаси ҳалокшудагон номаълум боқӣ мондааст.

 

Зикр мегардад, ки ҳар рӯз пайи ҳам даҳҳо низомӣ аз саффи қувваҳои мусаллаҳи давлат хориҷ шуда, бо эътирозгарон мепайванданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва мухолифони режими Башшор Асад мегӯянд: аз замони шурӯъи эътирозоти густардаи мардум дар моҳи марти ҳамин сол, неруҳои содиқ ба Башшор Асад дастикам 4000 шаҳрванди осоиштаро  куштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!