Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:16

Сурия ба тахрими иқтисодӣ рўбарў мешавад

18 ноябр 2011, 10:15

Олмон, Фаронса ва Бритониё пешнависи қатъномаеро ба Маҷмаии умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардаанд, ки ба поён додани нақзи ҳуқуқи башар дар Сурия таъкид дорад.


Ин тарҳ ҳамчунон хоҳони иҷрои пешниҳоди Лигаи кишварҳои араб барои поён додани хушунатҳо дар Сурия аст ва чаҳор кишвари арабӣ аз он ҳимоят мекунанд. Ихтилоф миёни қудратҳои ғарбии Шўрои Амният бо Русия ва Чин боис шуд, ки қатънома ба ҷойи ин Шўро ба яке аз кумитаҳои Маҷмаъи умумӣ баргардонда шавад.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Урдун, Қатар ва Мароккаш, ки узви Лигаи кишварҳои араб мебошанд, аз пешнависи қатънома ҳимоят кардаанд.

Рўзи чаҳоршанбе вазирони хориҷаи араб дар пайи як нишаст Сурияро се рўз мўҳлат доданд, ки ба хушунатҳо поён бахшад, вагарна дар маърази таҳрим қарор мегирад.

СММ мегўяд дар хушунатҳои 8 моҳи гузашта дар Сурия 3500 нафар ҷон бохтаанд. Аз сўйи дигар ҳукумати Башшор Асад иддао дорад, ки омили хушунат гурўҳҳои табаҳкору тундрав мебошанд, на давлати ин кишвар.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!