Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:31

Сафири Русия дар Душанбе ба вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон даъват шуд

19 ноябр 2011, 06:58

Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Юрий Попов, сафири Русия дар ҶТ мулоқот кард.


Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи баамаломадаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди он Русия баррасӣ гардиданд.  Собиров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз шахсони расмии воломақом ва воситаҳои ахбори оммаи ФР ҳангоми шарҳ додани қазияи шаҳрванди маҳкумшудаи Русия нисбати Тоҷикистон, миллати тоҷик ва ҳукумати кишвар хеле манфӣ ҳарф мезананд. «Ин гуна шарҳҳо, инчунин инъикоси якҷониба ва боғаразонаи ВАО-и расмӣ ва мустақили Русия оид ба вазъи зикргардида ба рӯҳи шарикии стратегӣ ва муносибати хубу дӯстонае, ки миёни Тоҷикистон ва Русия барқарор шудааст, ҷавобгӯ шуда наметавонад» - гуфт муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дипломати тоҷик барои тобиши сиёсӣ додан ба қазияи мазкур, ки он ҷанбаи ҳуқуқӣ дорад, ибрози таассуф кард.Ӯ илова намуд, ки ҳангоми баррасии чунин масъалаҳо ба робитаҳои зичи таърихии миёни ду кишвар такя карда, бояд мушкилиҳои бавуҷудомадаро тариқи музокирот дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва созандагӣ дар чаҳорчӯби қонунгузории миллии ҳард у давлат ҳал намуд. Дар идомаи сӯҳбат ӯ зикр сохт, ки амалҳои сохторҳои дахлдори Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ ба сатҳи муносибатҳои дуҷониба зарар расонданд ва амалҳои зараровари онҳо то ҳол идома дорад. Дар натиҷаи амалҳои пиёдасохтаи онҳо ҳодисаҳои муносибати ғайриқонунӣ бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, бахусус дар шаҳри Маскав, вилоятҳои Москва ва Ленинград, зиёд шуданд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, ҷаноби Собиров таъкид намуд, ки изҳороти навбатии Геннадий Онишенко, роҳбари «Роспотребнадзор» оид ба ҳодисаҳои гӯё “фарогири” ошкор кардани беморони ВИЧ ва сил миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тааҷҷубовар аст. Дар ҳоле, ки омори расмӣ дар бораи ин масъала бозгӯи дигар далелҳо мебошад.

Вобаста ба мурофиаи судии минбаъда нисбати парвандаи шаҳрванди Русия қайд гардид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо дар чаҳорчӯби қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналхалқии ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамоянд ва дар рӯзҳои наздик қарори муносиб қабул хоҳад шуд.Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки новобаста ба воқеаҳои рухдода дар атрофи ин қазия, Федератсияи Русия шарики стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва қайд намуд, ки масъалаҳои ҳамсоне, ки миёни ду кишвар ба вуҷуд меоянд, бояд танҳо бо василаҳои дипломатӣ ҳалли худро ёбанд. Зимнан, сафири Русия ҳам ибрози умед кард, ки мушкили ҷойдошта ба зудӣ ҳалли худро меёбад ва дар навбати худ ба М. Собиров итминон дод, ки тамоми нигаронии ҷониби Тоҷикистонро оид ба вазъи бавуҷудомада ба роҳбарияти кишвари худ мерасонад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!