Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:55

«Истиқлол»- «Хуҷанд»: Ҳисоб 2 бар 2

19 ноябр 2011, 08:05

Шоми дирӯз бозии дигари даври 41-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт.


Тавре аз маркази матбуоти ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин сабқат тими “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат намуда, бозӣ бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 поён ёфт.

Тибқи иттилои расида, Юсуф Рабиев, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаи 2-юми бозӣ ҳисобро кушод. Голи дуюми соҳибони майдонро Фирӯз Бобиев дар дақиқаи 63-юм ба самар расонд. Бозингарони дастаи «Хуҷанд», Ҳусейн Ҷалолов дар дақиқаи 86-ум ва Абдураҳмон Қурбонов дар дақиқаи 91-ум ду тӯби ҷавобӣ ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, ҳисобро баробар намуданд.
Айни ҳол, дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 83 имтиёз аз 36 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 26 бозӣ кардааст, бо 68 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!