Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:38

Эмомалӣ Раҳмон мавсими нави ниҳолшинониро оғоз бахшид

21 ноябр 2011, 04:18

Президенти Тоҷикистон субҳи рӯзи 19-уми ноябр ба мавзеи назди Наврўзгоҳи пойтахт, ки дар дохил ва атрофи ипподроми шаҳрӣ бунёд ёфтааст, ташриф оварда, ба бунёди боғи нави Наврўзгоҳ оғози расмӣ бахшид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, боғи Наврўзгоҳ дар майдони 15 гектар саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврўзгоҳи пойтахт доман паҳн менамояд. Гуфтанист, ҳамон рӯз садҳо ниҳоли сояафкану ороишӣ, аз ҷумла аз ҷониби Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон шинонда шуд.Тибқи нақшаи генералӣ боғи Наврўзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кўдакон  ва ғайра иборат хоҳад буд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин боғҳо, ки ҷойи истироҳату фароғат ва сайру гашти мардум хоҳанд буд, худ як санъат аст ва бунёдкунандагони он бояд завқи баланд дошта бошанд. Аз ин хотир дастур дода шуд, ки ба ин кор мутахассисони сатҳи баланди дорои завқу салиқаи махсус ва ҳисси қавии зебоипарастӣ ҷалб карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи худ дар оғози бунёди боғи Наврўзгоҳ мавсими нави ниҳолшинонӣ, кабудизоркунии муҳити зист, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳнаро дар кишвар  шурӯъ намуд. Райисҷумҳур эълом дошт, ки аз ҳамин рўз мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт ва он метавонад 5 моҳи пурра идома ёбад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!