Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:19

Ҷилавгирӣ аз ҳаводиси номатлуб дар шимоли Тоҷикистон

21 ноябр 2011, 04:49

Дар раёсати фарҳанги ноҳияи Спитамени вилояти Суғд  вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯъи пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа ва хариду фурӯши одамон баргузор гардид.


Хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ин бора иттилоъ дода гуфт, зимни нишаст  райиси ноҳия З.Узоқова, муовини прокурори ноҳия Х.Назаров, раиси суди ноҳия Х.Муҳаммадиев бо аҳолии ҷамоати шаҳраки Нов дар мавзӯъҳои вазъи кунунии сиёсию иҷтимоӣ, мубориза бар зидди қонуншиканиҳо, ҷараёни иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падуру модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуданд.

 

Гуфта мешавад, дар мулоқот зиёда аз 120 нафар сокинони ҷамоат иштирок намуда, ба саволҳои худ аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва намояндагони сохторҳои дахлдор ҷавоби дақиқ гирифтанд. Як чунин вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Тағояк низ бо иштироки 350 нафар доир гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!