Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

Фаъолияти беш аз 280 корхона дар шимоли Тоҷикистон боздошта шуд

22 ноябр 2011, 04:01

Дар вилояти Суғд санҷишҳои муштараки прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд доири иҷрои қонун «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» нисбати истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ  ва саноатӣ гузаронида шуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, дар натиҷаи санҷиш ба 1215 нафар соҳибкорон санад оиди қонуншиканиҳои санитарию эпидемологӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 91.055 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ фаъолияти 281 муассиса боздошт шуд.

 

Манбаъ афзуд, аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти сехҳои ҳасиббарории соҳибкор И.Ниёзов, сехи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Арал», коргоҳҳои ҳасиббарории «Файзи Расул», «Садри Аъзам», «Саид ва Кабир» низ барои риоя накардани талаботҳои санитарӣ-гигиенӣ боздошта шуданд. Нисбати соҳибкорон ва сехҳои номбурдашуда, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, аз ҳар яке ба маблағи 105 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Ҳамчунин, дар коргоҳи ҶДММ «Дӯстӣ-Амирхон», ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, обҳои ташнагишикан ва хӯроки умумӣ машғул мебошад, барои мунтазам риоя накардани талаботҳои санитарӣ-гигиенӣ ба маблағи 1750 сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!