Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:49

Суғд: Муҳоҷироне, ки ба ватан баргаштаанд бо кор таъмин мешаванд

22 ноябр 2011, 06:39

Дар назди сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд «Маркази ҳамоҳангсозӣ» таъсис дода шудааст.


Вазифаи асосии ин марказ расонидани хизматҳои машварати ҳуқуқӣ, дастгирии равонӣ (психологӣ), пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ, бо кор таъмин намудан, додани маслиҳат оид ба самти ташкили соҳибкорӣ, додани қарзҳои имтиёзнок, бо касбомӯзонӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан баргашта мебошад. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар миқёси вилоят имрӯз 9 муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентӣ аз рӯи 28 намуд касб мемӯзонанд. Дар асоси қарори ҳайати мушовараи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон ба шахсоне, ки соҳибкасб ҳастанду ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибкасбиашонро надоранд, дар мӯҳлати аз як ҳафта то як моҳ дар натиҷаи супоридани санҷиш шаҳодатномаи малакаи касбӣ супорида мешавад.Бо шаҳодатномаи мазкур шаҳрвандон метавонанд, бо ҷойи кории доимӣ дар ватан ва берун аз он таъмин шуда бошанд.

Зимнан, аз тарафи муасиссаҳои таълимии системаи Агентӣ соли ҷорӣ зиёда аз даҳ ҳазор нафар шаҳрвандон ба таҳсил фаро гирифта, соҳиб касбу ҳунар гаштаанд.  Бо тавсияномаҳои раёсату шӯъбаҳои Агентии шаҳру ноҳияҳои вилоят соли ҷорӣ зиёда аз ҳашт ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кории доимӣ таъин гаштанд. Феълан, сарраёсати Агентӣ омода аст, барои шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан баргаштаанд, барои таъмин гаштан бо ҷойҳои кории доимӣ ва соҳиб гаштан ба касби мувофиқ мусоидат намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!