Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 19:36

Факултаи 4-уми Академияи ВКД ғолиби ҷашнвораи вижаи Суғд

23 ноябр 2011, 06:08

Бо ташаббуси раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ фестивал - озмуни вилоятии сурудҳои ватанпарастонаи «Суруди сарбоз» байни сарбозон ва афсарони қисмҳои низомии қаламрави вилоят баргузор гардид.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ҷашнвораи мазкур аз қисмҳои низомии мустақар дар шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Б.Ғафуров, Хуҷанд, Қайроққум ва факултаи 4-уми Академияи вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки ин озмун бо мақсади таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, дарёфти истеъдодҳои нав аз байни сарбозон ва бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ доир гардид. Барои иҷрои таронаи даставӣ ҷои якумро факултаи 4-уми Академияи ВКД, мақоми дуюмро сарбозони қисми низомии 051056 - и Гвардияи миллии шаҳри Чкалов ва ҷои сеюмро сарбозони қисми низомии 14356 – и ноҳияи Б. Ғафуров сазовор гардиданд.Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаю ифтихорномаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят сарфароз гардонида шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!