Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:51

Тоҷикистон дар ҳамойиши байналмилалии масоили об дар Берлин ширкат мекунад

24 ноябр 2011, 05:44

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон сафири Олмон дар ҷумҳурии Тоҷикистон Дорис Хертрампфро ба ҳузур пазируфт.

 


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот дипломатии немис ба Зарифӣ  ёддоштро ҷиҳати баргузории Конференсия оид ба масъалаҳои об дар Берлин, ки моҳи марти соли 2012 ба нақша гирифта шудааст, супорид. Сафир изҳори умед намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои баргузории ин чорабинии муҳим ба сафири Олмон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки масъалаҳои идоракунии об дар минтақа хеле муҳим мебошанд.Вобаста ба ин масъала сафири Олмон иттилоъ дод, ки вазири корҳои хориҷии кишвари ӯ ният дорад дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии Афғонистон дар Бонн вохӯрии роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро гузаронад.

 

Ҳамзамон бону Хертрампф миннатдориашро ба Тоҷикистон барои дастгирии интихоби номзадии кишвараш ба Комиссияи байналмилалии ҳуқуқ изҳор намуд.Дар масъалаи ҳамкорӣ дар робита ба озодшавии халабони эстонӣ ӯ мусоидати бевосита ва саҳми   вазорати корҳои хориҷиро қайд кард. Мусоҳибон инчунин баргузоршавии Конференсияро оид ба Афғонистон дар Бонн ва иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар кори он муҳокима намуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!