Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 январ 2017, 15:50

ИЖТ: Махфӣ нигоҳ доштани манбаъи иттилоъ муҳокима мешавад

24 ноябр 2011, 06:19

Масоили марбут ба махфӣ нигоҳ доштани манбаъи иттилоъ мавриди баррасии журналистон ва коршиносони соҳа қарор дорад.


Айни замон дар толори хурди маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» нишасти вижаи рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон, инчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе ҷараён дорад, ки мавзӯъи мазкурро матраҳ менамоянд.

Тибқи иттилоъи расида, ин конфронс бо ибтикори Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон баргузор мегардад. Зимнан, дар кори ҳамойиш сардабирони нашрияҳои мустақил, ҳуқуқшиносон ва намояндагони дигар ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ ширкат доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!