Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Нашрияи вижа барои муҳоҷирони корӣ руйи чоп меояд

24 ноябр 2011, 06:45

Дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон мулоқоти Сафиаллоҳ Девонаев, сардори ин ниҳод бо намояндагони федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар-  Эрик Мишель Селлие  ва Фаррух Қосимов баргузор гардид.


Тавре аз маркази матбуотии хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни ин ҳамоиш ҷонибҳо масоили роҷеъ ба буду боши муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷи кишвар ва ҳифзи саломатии онҳоро баррасӣ намудаанд: « Ҳамасола кишварҳои муттамадин ба қувваи кори ниёз пайдо хоҳанд кард. Онҳо  ба мутахассисони хубу донандаи забони кишварҳои худ ниёз доранд. Ҳамаи ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта мақомотҳои дахлдор вазифадоранд,ки муҳочирони худро бо забон ва ихтисос омӯзонида, аз муоинаи тиббӣ гузаронида,  баъдан онҳоро ба кишварҳои пазиранда  бифиристем».

Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки дар ин нишаст ҳамчунин қайд гардид, ки  ба муҳочирон танҳо  дар он сурат иҷозаи ба кор додан лозим меояд, ки онҳо пурра солим ва ба талаботи кишвари қабулкунанда чавобгӯ бошанд. Бинобар ин, ҷонибҳо  ба хулосае омадаанд, ки  дар оянда як маркази муҳоҷират ташкил хоҳанд дод, то дар он ба хоҳишмандон курсҳои махсуси забономузӣ ва ихтисосҳои замонавӣ омӯзонида шаванд. Гузашта аз ин, барои ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштан, дар ин мулоқот пешниҳод карда шуд, ки  дастурамали  махсус оиди одоби муошират, пешгирии бемориҳои сироятӣ, кӯмаки аввалиндараҷаи тиббӣ, гигиена, маданияти либоспӯши  ва амсоли инҳо чоп карда шавад: « Омода намудани ролики махсус ва тариқи ВАО пахш намудани он  барои аз ҷиҳати назари таёр кардани муҳочирин кӯмак мерсонад».

-Бо дастгирии Салиби Сурх баҳри ҳамкории бештар бо муҳочирони мехнатӣ дар назар аст, рӯзномае бахшида ба муҳочирон таъсис ёбад, ки он аз ҳаёту фаоълияти онҳо мардумро воқиф хоҳанд кард, -афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!