Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Ифтитоҳи сафорати Британияи Кабир дар Бишкек

20 май 2011, 12:12

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Уилям Хейг ифтитоҳи сафоратхонаи навбатии Британияи Кабирро дар Бишкек эълон намуд.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз сафорати ин кишвар дар Душанбе иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, қароргоҳи дипломатии мазкур фаъолияти худро ба таҳкими равобити сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушд равона месозад. Бахши раводид ва консулгарӣ бошад, ҳамоно дар шаҳри Алматои Қазоқистон боқӣ хоҳад монд.

Дэвид Моран, Сафири Британияи Кабир ин хабарро ба райисҷумҳури Қирғизистон хонум Роза Отунбаева расонида афзуд, хурсандам, ки Британияи Кабир дар Бишкек сафоратхона мекушояд. Ин ҷонибдории моро аз таҳкими муносибатҳои дуҷониба, дастгирии қатъии моро барои таъмини субот, мусолиҳа ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба манфиати тамоми мамлакат мебошад, нишон медиҳад. Барномаи кӯмаки Британияи Кабир фаъолиятро дар самти беҳтар намудани идоракунӣ ва пешгирии низоъ идома хоҳад дод.

Маврид ба ёдоварист, сафоратхона дар ҳамкории зич бо шӯъбаи минтақавии вазорати рушди байналмиллии Британияи Кабир (ВРББ)  фаъолият менамояд. Барномаи  ВРББ дар Осиёи Марказӣ дар як сол қариби 14 млн. фунт стерлинг (ҳудуди 22 млн. доллари ИМА)-ро  ташкил медиҳад. Асосан ин барнома ба  кишварҳои  Қирғизистон ва  Тоҷикистон равона гардида, дафтари  асосии ВРББ-и  Осиёи Марказӣ да шаҳри Душанбе воқеъ мегардад. Барои шаҳрвандони Қирғизстон зарур меояд, ки  барои гирифтани раводид  ба Британия ба шаҳри Алмато сафар намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!