Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:02

Наркологҳои СПАД вазъи нашъамандӣ ва масоили марбут ба онро баррасӣ мекунанд

25 ноябр 2011, 04:43

Имрӯз дар котиботи СПАД машварати нахустини наркологҳои вазороти тандурустии узви ин созмон баргузор мегардад.


Дар ин бора Владимир Зайниддинов, сухангӯи ин ташкилот иттилоъ медиҳад. Бино ба қавли ӯ, дар нишаст вазъи кишварҳои узви СПАД дар робита бо истеъмоли маводи нашъаовар, тамоюлҳои тақвияти вазъи нашъамандӣ, тадбирҳои эҳтиётӣ ҷиҳати муолиҷа ва эҳёӣ беморони мубталои нашъамандӣ, танзими ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати назорати маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор мегирад.

Ҳамзамон, дар мулоқот роҳбарияти намояндагии раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят дар Русия, ҳамчунин намояндагони вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Хадамоти федералии Русия оид ба назорати гардиши маводи нашъаовар иштирок менамоянд.Баъди анҷоми машварат иштирокдорони он аз Маркази илмию амалии наркологиии шаҳри Маскав дидан мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!