Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:57

Эмомалӣ Раҳмон: ИМА яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист

21 май 2011, 04:48

Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо он дар асоси усули манфиатҳои баробар ҳамкориии пойдор дошта бошад.

Дар ин бора зимни мулоқоташ президенти Тоҷикистон бо фиристодаи вижаи райисҷумҳури  Амрико  оид ба Афғонистону  Покистон  Марк  Гроссман иброз дошт. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, дар нишаст  масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ гардида, ҷаноби Гроссман нақши сиёсӣ ва мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ  муҳим арзёбӣ  карда, ба  Раҳмон ва мардуми кишвар барои мусоидати фаъол ба нерӯҳои эътилофӣ ва ба барқарорсозии оромию субот дар Афғонистон арзи сипос намуд. Ҳамзамон,  таваҷҷўҳи бештар ба роҳҳои ҳамгироии ду кишвар барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишвар , омодасозии кадрҳои сатҳи муосир барои сохторҳои гуногуни он, аз ҷумла сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зоҳир гардид.

Ҳарду ҷониб омодагии худро барои дастгирии мушаххас аз татбиқи лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла дар бахшҳои бунёди нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳҳои оҳану мошингард ва таъмини робитаи мунтазами миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид намуданд. Масоили ҷилавгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон  низ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.{jathumbnail off}

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!