Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:56

Кормандони АНМН сертификати фаронсавӣ гирифтанд

26 ноябр 2011, 06:51

Рустам Назаров, директори агентии назорати маводи нашъадор бо Пер Пушэрэ, сарвари намояндагӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи Фаронса дар Осиёи Марказӣ ва ҳамроҳони ӯ мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории « Озодагон» аз ин ниҳод  иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот директори агентӣ ҳайати меҳмонҳоро бо вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкорон аз дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шинос намуда, дар бораи фаъолияти агентӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди он муфассал нақл кард. Аз ҷумла ҷонибҳо имконияти расонидани кӯмакҳои моддӣ-техникиро барои хадамоти махсусгардонидашудаи миллии кинологӣ, ки дар он омодасозии кинологҳои касбӣ, парвариш ва омӯзиши сагҳои хизматии ҷустуҷӯӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мубориза мебаранд, дар назар гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Манбаъ афзуд, дар поёни нишаст пас аз баргузории семинари «Механизмҳои тафтиши ҷиноятҳои марбут ба нашъа», ки аз ҷониби раёсати ҳамкориҳои байналмилалии политсияи сафорати Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гардид, сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Семинари мазкур барои такмили ихтисоси кормандони АНМН дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар равона шуда буд. Дарсҳо барои кормандони агентӣ аз ҷониби таҳлилгарон аз бригада оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири назди Префектураи политсияи шаҳри Париж  гузаронида шуд. Дар доираи семинар 20 нафар кормандон гузаронидани чорабиниҳои гуногуни техникӣ ва фаврии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъоварро омӯхтанд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳо дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо низ коркард шуданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!