Ба омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар пайи бемории сил соли 2014 тақрибан 2 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд.
Мадина, як сокини вилояти Суғд мегӯяд, писарчаи 6-солааш ба бемории сил гирифтор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, чанд муддат фарзандаш зиёд месулфид ва иштиҳо надошт: “Ба духтур муроҷиат кардем, гуфтанд, ки кӯдаки ман бемории сил аст. Лекин руҳафтода нашудам, зеро ба ман гуфтанд, ки ин бемории табобатшаванда аст”.
Пизишкон ба Мадина маслиҳат додаанд, ки бояд ӯ ва дигар аъзои оилааш ҳам аз ташхис гузаранд. Турсуной Пӯлодова – табиби Маркази зидди бемории сили шаҳри Хуҷанд ба “Озодагон” манбаи аслии пайдоиши бемории сил миёни кӯдаконро бештар ба одамони калонсол рабт дод. “Ба кӯдак аз куҷо мегузарад, аз одами калонсол – аз модараш, аз бибияш, аз падараш. Роҳаш ҳамин аст. Донем, ки дар ҳамин оила то ҳозир бемор несту кӯдак бемор шудаст, мо бояд гирду атрофи бемор – одамони калонсолро аз ташхис гузаронем”,- афзуд ў.
Хонум Пӯлодова мегӯяд, теъдоди бештари мубталоёни сил дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Мастчоҳ ва Зафаробод ба қайд расидаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, теъдоди умумии гирифторони бемории сил дар шимоли кишвар 2 ҳазору 282 нафарро ташкил медиҳад. Салом Ваҳҳобов, сардори ин ниҳод мегӯяд, ҳарчанд дар нимсолаи аввали соли равон шумори мубталоёни бемории сил назар ба ҳамин давраи соли гузашта 114 адад коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо ин беморӣ дар бархе манотиқи вилоят, амсоли Гулистону Панҷакент, ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад: “Фавтнокӣ аз ин намуди беморӣ, агар соли гузашта 32 нафар бошад, имсол 16 нафарро ташкил медиҳад”.
Сулфаи кутоҳ ва хушк, баланд шудани ҳарорати бадан, гум шудани иштиҳо, харобшавӣ ва дарди қафаси сина аз нишонаҳои асосии бемории сил гуфта мешавад. Бино ба қавли силшиносон, бемороне, ки гирифтори қанд, шадиди роҳи нафас, шуш ҳастанд, таҳдиди гирифтор шудан ба бемории силро доранд ва онҳо бояд соле 1 ё 2 маротиба аз ташхиси силшиносон гузаранд.
Силшинос Турсуной Пӯлодова мегӯяд, ҳамасола табибон талош мекунанд, роҳҳои пешгирии бемории силро миёни аҳолӣ пурзӯр намоянд, то ин намуди беморӣ коҳиш ёбад. Вай баҳри пешгирӣ аз ин беморӣ чанд омили асосии онро зикр кард: “Якум, дарёфти бемориҳои саривақтӣ. Агар манбаи онро дарёбед, кўдакон бемор намешаванд. Дуюм, ҳаракат кардан лозим аст, ки дар гирду атрофи кўдак бемории калонсол набошад ва бояд одами калонсолро пайдо карда, табобат намудан лозим аст. Ин яке аз пешгириҳои асосӣ ба шумор меравад”.
Ин силшинос инчунин афзуд, имрўз 5 намуди бемории зиддисилӣ мавҷуд аст, ки як намуди он барои пешгирӣ ба кўдак дода мешавад ва ў дар давоми 9 моҳ ҳамин доруро истеъмол мекунад.
Тибқи моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, беморони гирифтори сил ба интихоби духтур ва беморхона барои табобат новобаста аз ҷойи истиқомати бемор ҳуқуқ доранд. Ҳамзамон, мубталоёни бемории сил ба гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқу вазифаҳои беморони сил ва шахсони вобаста ба он таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта, инчунин дар шакли дастрас оид ба хусусияти бемориашон ва усулҳои истифодашавандаи табобат ҳуқуқ доранд.
Мадина пас аз муолиҷаи бардавом дар саломатии писарчаи 6-солааш беҳбудиро мушоҳида кардааст ва мегӯяд: “Дар беморхона мо як моҳ муолиҷа кардем ва баъдан, табобатро бевосита ба хона идома додем. Ҳозир хеле хубтар аст, саломатиаш барқарор шуда истодааст. Вазнаш бошад, аз пештара дида, хубтар ва иштиҳояш низ беҳтар шуда истодаанд”.
Ҳарчанд бемории сил сирояткунанда мебошад, вале саривақт муроҷиат намудан ба марказҳои тиббии дахлдор ва муолиҷаи дуруст бемор метавонад, шифои комил ёбад.
Ҷамшед МАЪРУФ