Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:09

Бозингари тими «Равшан» беҳтарин нишонзани лигаи олии футболи Тоҷикистон эътироф гардид

28 ноябр 2011, 09:00

Бозиҳои даври 43-юми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.


Тибқи иттилои федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин давр дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд тими ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод.
Ҳамчунин бозии мавқуфмондаи мусобиқот байни дастаҳои «Гвардия»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор гардид. Дар ин дидор футболбозони «Вахш»  ба дарвозаи ҳариф 2 голи бе ҷавоб заданд.
Нишонзанҳои беҳтарин: Фозил Сатторов аз тими «Равшан» бо 20 тӯб дар ҷои аввал аст. Комил Саидов аз дастаи ССКА «Помир» ва Габриэл Донто аз «Энергетик» бо 19 голӣ зинаи дуюмро касб кардаанд. Юсуф Рабиев аз дастаи «Истиқлол» бо  18 тӯб дар мақоми сеюм қарор дорад.
Бозиҳои даври 44-ум ё охирини мусобиқот 29-уми ноябр баргузор мешаванд. Дар ин давр «Парвоз» - ССКА «Помир», «Энергетик» - «Истиқлол», «Вахш» - «Равшан» миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.  
Ба иттилои манбаъ рӯзҳои баргузории бозиҳои мавқуфмондаи мусобиқот пас аз машварат бо дастаҳо муайян хоҳад шуд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!