Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:08

Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон ҳамойиши вижа баргузор мекунад

29 ноябр 2011, 08:51

“Мусоидат ба рушди соҳаи косибӣ дар Тоҷикистон дар асоси робитаҳои одилонаи тиҷоратӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои Миёнарави Соҳибкорӣ”.


Таҳти чунин унвон  5 декабри соли 2011 дар маркази равобити «Пойтахт» нахустин муҳокимаи Кумита оид ба идораи лоиҳаи мазкур,ки вазифаи асосии он пеш аз ҳама аз гузаронидани шарҳи мунтазами амалишавии тарҳ иборат мебошад, гузаронида мешавад. Ба ҳайати кумитаи мазкур намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ, шарикони лоиҳа, донорҳо, худи косибон ва инчунин хоҳишмандони дигар шомиланд. Ҳамчунин дар ин рӯз барои косибон ва ашхосе, ки ба ҳунарҳои дастӣ машғуланд, семинар баргузор мешавад. Дар он мушкилӣ ва монеаҳое, ки косибон зимни фаъолияташон бештар рӯ ба рӯ меоянд, муҳокима мегардад.

Ҳамзамон, 6 декабр барои косибон оид ба андозу андозбандӣ тренинги иттилоотӣ баргузор мегардад. Мақсади асосии тренинг ба косибон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти мардумӣ расонидани маълумоти умумӣ дар мавриди системаи андозу андозбандӣ ва шаклҳои он дар кишвар ба шумор меравад, ки ҳангоми фаъолият пайваста рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамчунин дар қисмати дуюми рӯз барои косибон оид ба  хизматрасониҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд мизи мудаввар гузаронда мешавад. Дар он иштирокчиён перомуни хизматрасониҳои ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки дар қаламрави кишвар фаъолият мекунанд, маълумоти муфассал мегиранд.

Зимнан, рӯзи 7 декабри дар маркази равобити «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе нахустин мизи мудаввар оид ба дигаргуниҳои қонунгузорӣ баргузор мешавад. Дар он мушкилӣ ва монеаҳое, ки косибон зимни фаъолияташон бештар рӯ ба рӯ меоянд, муҳокима мегардад. Дар робита баррасии лоиҳаи қонуни нав, ки фаъолияти косибиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идора мекунанд, дар назар аст. Мавриди зикр аст, тамоми ин чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи зикршуда анҷом мешаванд, ки аз ҷониби ташкилоти ғайридавлатии итолиёвии CESVI дар якҷояги бо Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.CESVI ташкилоти ғайридавлативу гуманитарии итолиёвӣ мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон барои бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода, камбизоатӣ, истисмори захираҳои маҳаллӣ бо ҷалби бевоситаи аҳолӣбо бо амалӣ кардани лоиҳаҳои гуногун мусоидат менамояд. Дар Тоҷикистон аз соли 2005 фаъолият карда, дар Душанбе, Хуҷанд ва Ховалинг намояндагӣ дорад.

Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, сохторҳои соҳибкориро ихтиёран муттаҳид месозад. Аз соли 1993 дар сатҳи миллӣ амал мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!