Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:31

Фурқати Саид: Дар телевизион пахш нашудани сурудҳои овозхонони беҳтарин бароям муаммост

29 ноябр 2011, 12:14

«Субҳони Саид аз миёни сарояндагону чеҳраҳои расмӣ ягона нафарест, ки тариқи расонаҳои хабарӣ эълом дошт: Ман ба маризии нашъамандӣ мубталоям».


Дар ин бора дӯст ва ҳамзамон мухлиси ашадии ӯ, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло зимни як нишасти хабарии созмонёфта дар ҳузури журналистон иброз дошт. Ҳамчунин ӯ афзуд, шояд дар шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ ягон рӯйхати  ғайрирасмӣ вуҷуд дорад, чаро ки тӯли ин қадар солҳо мо консертҳои Муборакшо Мирзоев ва Субҳони Саидро надидаем.

 

Фурқати Сайид, яке аз дигар дӯстони Субҳони Саид мегӯяд, ман ҳам фикр мекунам, ки вақтҳои охир дар саҳна набудани Субҳони Саид, ин дар телвизион пахш накардани сабту барномаҳои консертиаш мебошад.Чунки телевизион барои ҳунарманд ин аз нав зинда шудани ӯ маҳсуб мегардад: «Ҳунарманди асил вақте таронаи навашро ба мардум пешкаш мекунад ва тариқи телевизион мебинад, аз байни гурӯҳе, ки баромад кардааст ва баромади ӯро аз барномаи телвизион қайчӣ мекунанд ва як овозхоне, ки нав пайраҳои ҳунарро тай кардан дорад, бо оҳангу шеъри паст ба дили мардум ҷой надорад, намоиш медиҳанд, дилаш аз ҳамаи ин намоиш доданҳо мемонаду бемор мешавад».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!