Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:45

«Чор китоб»-и вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон

21 май 2011, 06:16

Тайи соли равон вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон  чор китобро ба нашр расонидааст.

Бино ба қавли дафтари матбуотии ин вазорат, ин асарҳо  “Дипломатияи Тоҷикистон. Солномаи 2008” бо забони русӣ, “Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015”  бо забони русӣ ва англисӣ ва “Иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ”  бо забони англисӣ зери таҳрири умумии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ  ва  

китоби таҳти унвони “Дипломатияи Тоҷикистон»

«Солномаи 2008»  аз маълумот оид ба рӯйдодҳо ва сафарҳои райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳои сарони давлатҳои дигар ба Тоҷикистон, баромадҳо ва мусоҳибаҳои вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иборат аст.
Дар китоби дуюми вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таҳти унвони «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои ҳаёт», 2005-2015»  баромадҳо ва изҳороти иштирокдорони ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар тамоми марҳилаҳои гузаронидани конфронс, эъломияи Душанбе оид ба об ва аксҳое, ки рафти конфронсро инъикос менамоянд, ба чоп расидаанд.
Китоби чоруми бахшида ба иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе аз 18 то 20 майи соли 2010 баргузор гардид, маълумотнома оид ба таърихи ҳамкориҳои СКИ ва  Тоҷикистон, баромадҳои роҳбарони ҳайатҳо  дар ҳошияи иҷлоси 37-умро дар бар мегирад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!