Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Нархи бензин дар Тоҷикистон дар 1 моҳ ҳудуди 60 дирам боло рафтааст

30 ноябр 2011, 05:48

Аз 26-уми октябр то 26-уми ноябр нархи бензин дар Тоҷикистон 8,9 фойиз қиммат шудааст.


Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, айни ҳол нархи миёнаи як литр бензин дар пойтахти кишвар 7,35 сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо нишондоди як моҳ пеш 60 дирам қимматтар аст.

Ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир як литр бензини навъи АИ-92 бо нархи 7,2 сомонӣ ва навъи АИ -95 ба ивази 7,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.Ин дар ҳолест, ки боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия, ки яке аз омилҳои асосии ташаккули нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ майли поёнравӣ дорад. Аз ҷумла боҷи содиротии як тонна бензин, ки дар моҳи июн 415 долларро ташкил медод, дар моҳи ноябр тақрибан 355 долларро ташкил медод. Дар баробари ин тайи ду-се моҳи охир қурби доллар ҳам дар бозори нақди Тоҷикистон мӯътадил аст. Бо вуҷуди ин масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, изҳор медоранд, ки нархгузориҳои мавҷуда дар бозори сӯзишвории кишвар аз нигоҳи иқтисодӣ асосноканд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!