Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:09

Шукурҷон Зуҳуров аз қатли муҳоҷири тоҷикистонӣ изҳори нигаронӣ кард

30 ноябр 2011, 06:19

Райиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи як ҳамватанамонро дар шаҳри Санкт-Петербурги  Русия шадидан маҳкум кард.


Шукурҷон Зуҳуров, имрӯз (30-юми ноябр) зимни пахши баёнияи худ аз ниҳодҳои додситонии пойтахти шимолии ФР тақозо кард, то омилини куштори Бахтиёр Расуловро боздошт ва ба муҷозот кашанд. Зуҳуров гуфт, ин ҳодисаи аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мавриди таъқиб қарор мегиранд.

Зимнан райиси МН афзуд, қарор аст рӯзҳои наздик намояндаи парлумони Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ин қазия ва ошноӣ бо вазъи будубоши муҳоҷирини тоҷик озими Русия шавад. Ҳадс зада мешавад, ки ин вакил- Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумита оид ба қонунгзуорӣ ва ҳуқуқи парлумони Тоҷикистон хоҳад буд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду рӯз қабл аз ин сари боз як шаҳрванди Тоҷикистонро аз тан ҷудо карда буданд. Ба қавли наздикони мақтул, Бахтиёр Расулов, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ба кироякашӣ машғул буд, аз сӯи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст.Қотилон Бахтиёр Расуловро чанд корд зада, сипас, сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва сарашро ба қафои мошин андохта, мошинаашро оташ мезананд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!